ДӮСТӢ. РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ЧОРВОДОРИ НОҲИЯ ОГОҲ ГАРДИДАНД

Имрӯз, 21 ноябр зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ аз рафти парвариши ҳайвони калони шохдор ва захираи хӯроки чорво дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Турдиев Ваҳоб воқеъ дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Нури Вахш шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки шаҳрванд Турдиев Ваҳоб дар ҳавлиаш зиёда аз 50 сар чорвои калони шохдорро барои гушт парвариш мекунад.

Раиси вилоят таъкид карданд, ки бо мақсади рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, нигоҳ доштани сифатҳои ирсии зотҳои парваришёбандаи чорво, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ, такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои мавҷуда, инчунин офаридани зотҳои нави сермаҳсули чорво корҳои назаррасеро ба сомон расонидан лозим аст.

Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзӣ илова гардид, ки барои хушзоткунии чорво феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 119 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ фаъолият менамоянд ва аз ин шумора 103 адад дар деҳаҳои калон ва хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар 10 моҳи соли равон 14095 сар ҳайвони калони шохдор ба таври сунъӣ бордор карда шуда, 10780 насли хушзот гирифта шудааст.

Раиси вилоят ба фаъолияти чорвопарвар баҳои баланд дода, иброз намуданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имкониятҳо барои рушди соҳаи чорводорӣ, зотпарварӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ хеле зиёд аст. Ба ин хотир, бояд дар тамоми бахшҳои хоҷагидорӣ барои зиёд кардани саршумор эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles