ДӮСТӢ. БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКАИ ЗЕРИ ПЛИЁНКАГӢ

Имрӯз, 21 ноябр дар рафти сафари корӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ аз рафти кишти картошка плиёнкагӣ дар хоҷагии деҳқонии “Файз-5”-и деҳаи Нури Вахш шинос гардид.

Хоҷагии деҳқонии «Файз-5» майдони умумии 5 гектарро ташкил дода, шумораи саҳмдорон 8 нафар мебошад. Самти фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба сабзавоткорӣ нигаронида шудааст.

Раиси вилоят бо сарвари хоҷагӣ ва роҳбарони самти кишоварзӣ мулоқоти намуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои киштшаванда, саривақт кишт намудани зироатҳои ғалладонагӣ, картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дастуру тавсияҳои судманд доданд.

Айни ҳол дар хоҷагии деҳқонии «Икромҷон» кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардида, хоҷагӣ барои гузаронидани кишти дигар намуди зироатҳо заминҳоро омода сохтаанд.

Хоҷагии мазкур ҳар сол заминҳоро самараноку оқилона истифода бурда, 2-3 ҳосил мерӯёнад ва саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузорад.

Раиси вилоят ба деҳқонон муваффақияту бурдборӣ хостанд ва барои саҳми онҳо дар самти кишоварзии ҷумҳурӣ ва вилоят изҳори миннатдорӣ намуданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles