Рӯзи 18 ноябр дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамоиши минтақавӣ дар мавзӯи “Рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ дар вилояти Хатлон ” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод, мудири шуъбаи рушди сайёҳии вилоят А. Ниёзов, мудири шуъбаи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб Ҷ. Тоиров, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, коршиносону устодон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии минтақавӣ иштирок доштанд.
Ҳамоиши мазкур бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 ва иҷрои вазифаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП — 321 тасдиқ шудааст, баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон