ҒОЛИБИЯТИ 100 НАФАР ДАР ОЛИМПИАДАИ ВИЛОЯТИИ «ВОРИСОНИ ПЕШВО»

Соли дуюм аст, ки олимпиадаи вилоятии «Ворисони Пешво» барои хонандагони синфҳои 3 — 4 баргузор мегардад ва ҳадафи ташкили он заминагузорӣ барои олимпиадаҳои фаннӣ маҳсуб меёбад.
Аз Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, 600 нафар хонандагон дар олимпиадаи мазкур иштирок карда, 100 нафарашон ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.
Бо нишон додани фаъолнокӣ ва маҳорати баланд 20 нафар ҷойи якум, 40 нафар ҷойи дуюм ва 40 нафар ҷойи сеюмро ишғол карданд, ки нисбат ба соли гузашта донишу маҳорати онҳо беҳтар мебошад. Ғолибони олимпиада бо Диплом ва медалу мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles