МИЗИ МУДАВВАР. “16 РӮЗИ АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАНОН”

18 ноябрбо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони Панҷ» дар доираи тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатии пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014- 2023» дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи алайҳи хушунат нисбат ба занон» дар доираи лоиҳаи «Посухдиҳӣ ба хушунати гендерӣ тавассути вусъатдиҳии иштироки иқтисодӣ ва шаҳрвандии занон» мизи мудаввар баргузор гардид.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Абдусаломзода Анзурат оид ба чорабиниҳои иттилоотии «16 рӯзи алайҳи хушунат нисбат ба занон» ва омилҳои бартараф намудани зуҳуроти зӯроварӣ дар оила ба иштирокчиёни семинар маълумоти муфассал дод.
Қайд карда шуд, ки дар солҳои истиқлоли давлатӣ бо таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолият, дастгирӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон зиёда аз 60 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул ва татбиқ карда мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Дар ин чорабинӣ занону бонувони фаъол иштирок намуда, бобати пешгирии омилҳои зуроварӣ дар оила пешниҳод ва фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles