ШИНОСОӢ АЗ РАФТИ КОРКАРДИ ҲОСИЛИ ПАХТА

Имрӯз, 18 ноябр зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ёвон аз рафти коркарди ҳосили пахтаи соли 2023 дар корхонаи ҶДММ “Ист Коттон НФР” дидан карданд.

Корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ “Ист Коттон НФР” (собиқ ҶДММ “Эком”) дар деҳаи Тағойободи ҷамоати деҳоти Обшорон бо ҷалби сармояи хориҷӣ соли 2012 бунёд гардида, ба фаъолият шуруъ намудааст. Сипас соли 2014 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдуллоев Тоҷиддин харидорӣ гардида, таҳти ҶДММ “Ист Коттон НФР” фаъолият дорад. Таҷҳоизотҳои истеҳсолии корхона истеҳсоли Амрико буда, соли барориши 1978 мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 30 ҳазор тонна пахта дар як сол мебошад. Дар баробари ба фаъолият шуруъ намудани корхона то 50 нафар шаҳрвандон бо кори мавсимӣ таъмин гардидаанд.

Фармоиши ҶДММ Эком буда, корҳои пудратиро дар иншоот ҶДММ “Навруз” ба иҷро расонида буд. Корхона аз ҳосили пахтаи соли 2023 ба миқдори 1378 тонна пахта қабул намуда, ба миқдори 510 тонна нахи соф, 698,6 тонна пунбадона ва 26,8 тонна тибит истеҳсол кардааст. Аз ҳосили пахтаи соли равон то ин ҷониб ба миқдори 2878 тонна пахта қабул намуда, ба ҳолати 1 октябр ба миқдори 169,5 тонна нахи пахта, 238 тонна чигит ва 13,4 тонна тибит истеҳсол намуда, имрузҳо фаъолияти муътадил дорад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles