ЗАНОНИ ВИЛОЯТ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТРО БОШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД!

Имрӯз, 15 ноябр дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ҳамоиши занони вилоят таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби занон, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони меҳнат ва донишҷудухтарони Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Бохтар иштирок намуданд.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Абдусаломзода Анзурат зимни суханронӣ аз хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, қайд намуданд, ки самти фаъолияти кор бо занон ва оила аз рӯзҳои авввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат, хосса Пешвои муаззами миллат аз масъалаҳои меҳварӣ қарор дошта, дар ин самт зиёда аз 60 санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ қабул ва тадбиқ карда мешавад.

— Дар ин замина дар вилояти Хатлон шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ба зиёда аз 13 ҳазор нафар расида, шумораи хизматчтёни давлатӣ аз ҳисоби занон 540 нафарро ташкил медиҳад, ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Дигар баромадкунандагон Расулова Давлатмо аз Донишгоҳи давлатии Бохтар, Саидова Зебонисо аз соҳаи маориф, ҳунарманд Гадоева Бибимо аз ноҳияи Кушониён, Назарова Тутихон, собиқадорони меҳнат аз шаҳри Бохтар ва Тоирзода Субҳия, гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаи хусусии иноватсионии шаҳри Бохтар баромад намуда, оид ба таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва хизматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни конфронс дар қисмати дуюми ҳамоиш филми мустанади «Наҷотбахши миллат»-ро тамошо карданд.

Баъди анҷоми ҳамоиш аксияи тарғиботии Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят таҳти унвони «Пешвои мо — ифтихори мо» баргузор гардида, ба донишҷӯён ва иштирокчиёни конфронс маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles