ВОХӮРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶОПОН

Имрӯз, 15 ноябр, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо ҳайати намояндагони Ҷопон — Ванг Ҳао Муовини, роҳбари генералии ширкати сармоягузории “JINRUI INVESTMENT COMPANY” ва Вей Cяо Дон, муовини роҳбари ширкат мулоқот намуданд.

Зимни вохӯрӣ Давлаталӣ Саид нахуст меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ ва махсусан барои соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро муҳайё кардааст.

Бояд зикр намуд, ки Ҷинруи Инвестмент Компани “JINRUI INVESTMENT COMPANY” ширкати муштараки Ҷопону Ҷин ба ҳисоб рафта, асосан бо хариду фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла лимӯ ва гелос машғул аст. Макони асосии сармоягузории ширкат дар шаҳри Осакаи Ҷопон ва вилояти Гуандуни Чин мебошад.

Гуфта шуд, ки вилояти Хатлон яке аз аз вилоятҳои калони аграрии мамлакат маҳсуб меёбад ва кишоварзони вилоят бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва таҷрибаи андухтаи хеш метавонанд аз заминҳои дар ихтиёрдошта 2 – 3 ҳосил бардошта, дар фарвонии бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат ҳиссагузорӣ намоянд.

Дар мулоқот намояндагони ширкат тасмим гирифаанд, ки ҷиҳати коркарди ниҳоӣ ва содироти лимӯ бо вилояти Хатлон ҳамкорӣ намуда, барои боз ҳам сифатноктар намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ курсҳои омӯзишӣ бо деҳконон ба роҳ монда, барои рушди соҳаи сайёҳии вилояти мусоидат намоянд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles