Имрӯз, 10 ноябр бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар Театри вилоятии мусиқӣ — масҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии идона муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам, сардори Раёсати ВКД дар вилоят генерал-майори милитсия Файзулло Нозимзода ва ҳайати кормандони ин ниҳод баргузор гардид.
Хатлон Сулаймонзода, муовини раиси вилоят зимни суханронӣ ҳозиринро ба ин рӯз табрику таҳният намуда, роҷеъ ба роҳи тайкардаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва санаи таҷлили ин иди барои низомиён хуҷаста изҳори андеша карда, дастовардҳои аҳли мақомотро аз дасггирии Пешвои муаззами миллат арзёбӣ намуданд.
— Роҳи пуршарафи пешгирифтаи милитсияи тоҷик дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шабу рӯз хизмати софдилона кардаанд. Аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.
Сипас сардори Раёсати ВКД дар вилоят генерал-майори милитсия Файзулло Нозимзода суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини осоиши мардум вазифаи муқаддаси ҳар як корманди мақомот аст. Милитсияи тоҷик дар даврони гуногуни зиндагӣ содииқонаву самимона баҳри суботи ҷомеа ва якпорчагии ватани азиз хидмати беғараз мекунанд.
Гуфта шуд, ки бо дастгириву ғамхории пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар мубаддал гардид. Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати хуқуқии кормандони милитсия, ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.
Дар ҷамъомад аз таҷрибаи собиқадорони соҳа ва садоқату далерии онҳо дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ёдоварӣ карда шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо баҳри беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии кормандони ин ниҳод, ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва манзилҳои истиқоматӣ ба онҳо, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири инфрасохторҳои он, таъмини нозирони минтақавӣ бо бино ва таҷҳизотҳои техникӣ, дастгирии кормандон, собиқадорон ва оилаҳои дар вақти адои хизмат фавтида дар рӯзҳои иду ҷашнҳо мусоидат намуда, минбаъд низ кӯшишу тадбирандешӣ менамояд.
Дар ин рӯз бо қарори раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба собиқадорон ва оилаҳои дар вақти адои хизмат фавтидаанд ва ё маъюб шудаанд, кӯмаки пулӣ расонида шуд. Инчунин дар фазои идона ба кормандони фаъол барои хидматҳои сазовор дар амну суботи ҷомеа, ҳамчунин ба шарафмандии рӯзи милитсияи тоҷик ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Раёсати ВКД дар вилоят ва Раёсати ҷавонон ва варзиш тақдим карда шуд.
Ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон бо пешниҳоди барномаи ҷолиби мусиқӣ ва рақсу таронаҳои ҷолиби ватанпарварона хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Маркази иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон