ТОҶИКИСТОН – АМНТАРИН ДАВЛАТИ ДУНЁ

Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи якум қарор дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон дар ҷойи якум қарор гирифт. Ин маълумот аз Раддабандии солонаи ҳуқуқ ва тартиботи Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» бармеояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба даҳгонаи давлатҳои раддабандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондиҳандаи 96, Финландия – 92, Исландия – 92, Кувайт – 92, Люксембург – 92, Норвегия, Ветнам – 92, Швейтсария – 91, Дания – 90 ва Индонезия – 90 шомил мебошанд.
Аз рӯи натиҷаи назарпурсие, ки муаллифони раддабандӣ гузаронидаанд, тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос наменамоянд ва ба мақомоти ҳифзи тартибот бовар доранд.
Дар раддабандии соли гузашта Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор гирифта буд.
АМИТ «Ховар»

Related Articles