ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

Дар маҷлисгоҳи ноҳияи Панҷ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Раиси вилоят дар ибтидо қайд намуданд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад.

Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд.

Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба сохтмони муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи ҷамоати деҳоти Меҳвар, оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, ташкил намудани гармхона дар деҳаи Фарғона, тоза кардани каналу заҳбурҳо дар ҷамоати деҳоти Панҷ, надоштани хатти обпарто дар хонаҳои баландошёна дар шаҳраки Панҷ, оид ба расонидани кумак барои беморон, мушкили об дар ҷамоати деҳоти Намуна ва маҳаллаи Ойтудаш, сохтани бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сомонӣ, расонидани кӯмак ба оилаи имконияташон маҳдуд, баҳси замин, мушкили оби полезӣ дар ҷамоати деҳоти Камол Сайфиддин, оид ба иваз намудани симчӯбҳои барқ дар шаҳраки Панҷ дархости мусоидати раиси вилоятро карданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles