ШОҲҶОИЗА ВА ЗИЁДА АЗ 20 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУН

Имрӯз, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардида истодааст, ки беш аз 20 Ҷойи ифтихориро довталабон аз вилояти Хатлон соҳиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур 4 нафар аз вилояти Хатлон ҷойҳои намоёнро ишғол карда буданд. Имсол шумораи ҷойҳои ифтихорӣ беш аз 20 нафар аст, ки 5 маротиба аз соли гузашта дастовардҳо барзиёд мебошанд.
Дар самти омодагӣ ва ишғоли ҷойҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, барои муҳайё намудани шароиту имконияти омодагӣ ба довталабон ва омӯзгорон тамоми имкониятро истифода карданд. Ин аст, ки дастордҳо якборагӣ бештар гардида, натиҷаи дилхоҳ ба даст омад.
Дар озмун ва маросими ҷоизасупорӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода ва дигар масъулон довталабонро ҳамроҳӣ карда, ба онҳо рӯҳу илмҳои тоза бахшиданд. Завқи баланди онҳо буд, ки Шоҳҷоиза насиби вилояти Хатлон гардид.

Related Articles