Албатта, ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тӯли таърих ҳамроҳӣ намуданд. Ин мафҳумҳо дар таърихи башарият решаи амиқ доранд.
Вожаи экстремизм аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Экстремист субъекти экстремизм буда, дар фаъолияти худ метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ таъсири худро расонад. Яке аз сабабҳои асосии падид омадани ин зуҳуроти номатлуб, эътиқод доштан ба хурофот ва ақидаҳои пучу беасоси динӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Дар охири қарни гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи иқтидори харобиоварашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.
Имрӯз амалҳои ифротгароёнаи минтақаро мебинем, ки чӣ қадар зиёни худро ба ҷомеа мерасонанд. Тақдири ҳазорҳо занону кӯдакон, монеъ шудан ба таҳсил, вайронкориҳо, ба пешрафти ҷомеа халал ворид кардан “шиор”–и асосии амалҳои онҳо гардидааст.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳое ҳастанд, ки имрӯз вирди забони ҳама гардидаанд ва ин ду мафҳум ба ҳам алоқаи зич доранд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм оварда мерасонад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.
Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд.
То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталиф як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаҳои номатлуб (терроризм ва экстремизм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва зуҳури чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама, ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии
байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.
Ҳамин тариқ, лозим аст, ки дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда шавад. Яъне, имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин падидаи номатлуби аср гирифта шавад. Аз ин рӯ, ҳар як шахси баору номуси кишварро зарур аст, ки барои омӯхтани илму дониш талош варзад ва бо зиракии сиёсии хеш дар самти рушди бесобиқаи кишвар саҳми боарзиши худро гузорад.
Ҳамзазода Тоҳир Сафар,
раиси Суди ҳарбии гарнизони
Хатлон, полковники адлия