МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО РОҲБАРИ ШИРКАТИ «КАЯН»-И АРАБИСТОНИ САУДӢ

6 апрели соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид Роҳбари ширкати “Каян”-и Арабистони Саудӣ ҷаноби Шайх Туркӣ Абдул Раҳмон Ал-Сайлонро бо ҳайати ҳамроҳонаш ба ҳузур пазируфт.
Роҳбарияти вилоят ташрифи меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрмақдам намуда, қайд намуд, ки муносибат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои араб, махсусан бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дорад.
Таҳлили рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, ки сол то сол рушд ёфта истодаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҷиддиро ба густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои ҷаҳон равона намуда, дар оғози роҳбарии худ эълон дошт, ки дари Тоҷикистон барои давлатҳое, ки нияти мустаҳкам намудани ҳамкориҳои самарабахш ва дӯстонаро доранд, боз аст.
Соли 2017 пас аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ ташриф овардаанд, ки дар раванди рушди муносибатҳои дуҷониба нақши калидӣ ва таъсиргузор дорад.
Робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва маърифатӣ омили муҳими тақвияти ҳамкориҳо ба ҳисоб рафта, як чанд маротиба рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои калонатрин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкориҳо мебошад.
Дар ҳудуди марзию маъмурии вилоят 25 шаҳру ноҳия дохил буда, шумораи аҳолӣ зиёда аз 3,6 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз самтҳои муҳими рушди Тоҷикистон, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудааст, ин ба кишвари аз лиҳози сайёҳӣ тараққӣ карда мубаддал намудани Тоҷикистон мебошад.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бошуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Сайёҳиро ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Точикистон ба назар гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо барои барқароршавӣ ва рушди сайёҳии байналхалқӣ дар мамлакат, барои ташкили дастрасӣ барои ташрифории сайёҳони хориҷӣ, беҳтар намудани вазъи инфрасохторҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳо, ҷалби сармояҳо ва ҳамин тавр табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати аз ҷиҳати сайёҳӣ рушд ёфта якчанд қонуну қарорҳо қабул шудааст.
Имрӯз дар вилоят 931 адад ёдгориҳову мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 116 адад меҳмонхона, 139 адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 217 адад истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 139 адад тарабхона, 45 адад осорхонаҳо, 19 адад ширкатҳои сайёҳӣ, 128 адад чойхона, 368 адад банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 50 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 238 адад ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, 67 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 адад зиёратгоҳҳо, 45 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 80 адад ишораҳои сарироҳӣ ва 21 адад маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Дар қаламрави вилоят ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла қалъаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии “Аҷинатеппа” дар ноҳияи Вахш, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритус ва шаҳраки “Тахти сангин”-и ноҳияи Қубодиён арзи вуҷуд доранд, ки таърихи зиёда аз 2700 сола дошта, ба мероси умумиҷаҳонии Юнеско дохил гардидаанд. Сайёҳон аз ин мавзеъҳо мунтазам дидан менамоянд.
Зимни мулоқот ҳайати меҳмонон иброз намуданд, ки мақсади ташрифи мо ба вилояти Хатлон аз ҳамин иборат буд, ки мо оиди ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ бештар маълумот пайдо намоем ва ҳамкориҳоро бозҳам ривоҷу равнақ бахшида ин ёдгорию мавзеъҳои таърихиро дар давлатҳои хеш ва ҷаҳон муаррифи намуда, ҷалби сайёҳонро ба ин минтақа бештар намоем. Ҳамзамон мо метавонем робитаҳои тиҷоратиро дар самти маҳсулотҳои кишоварзӣ аз ҷумла пиёз, пахта ва дигар маҳсулотҳо ба роҳ монем.
Дар охир роҳбарияти вилоят иброз намуд, ки сафари Шумо ба Тоҷикистон, алалхусус ба вилояти Хатлон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бунёди корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ саҳми арзанда мегузорад.

Related Articles