Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳадафи баргузории нишасти маҷозиро ба ҳозирин шарҳ дод. Иҷроиши нақшаи андоз, вусъат бахшидани корҳои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ, сарсабзу хуррамгардонии табиати атроф дар муҳлати пешбинишуда, сомон додани корҳои сохтмонӣ ва иншооти гуногуни бунёдшаванда, таъсиси ҷойҳои кории холӣ, фаъолияти дурусти коргоҳу корхонаҳо, омода ва сафарбарсозии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳикишвар ва як қатор масъалаҳои дигари рӯз мавриди баррасӣ вавазифагузорӣ қарор гирифт.
Ҳамзмон зимни ҷаласаи маҷози иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои дар пешистода чораҳои мушаххас андешанд ва санаҳои таърихӣ, ҷашнвораҳоро дар сатҳи баланди ташкилӣ бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол намоянд.