Дар идомаи сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз корхонаи истеҳсоли гачкартони ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» боздид намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 10 ҳазор дона гачкартон буд, маблағи умумии иншоот 133,6 млн. сомониро дарбар мегирад. Дар корхонаи мазкур зиёда аз105 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Корхонаи мазкур 22 апрели соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуд.
Дар давоми соли 2022 корхона ба миқдори 874,1 ҳазор дона варақаи гачӣ ва 1 млн. 68,1 ҳазор дона амстронг истеҳсол намудааст.
Ҳамзамон, дар соли 2022 ба маблағи умумии 4,2 млн сомонӣ маҳсулот ба хориҷи мамлакат содирот намудааст, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағи 760 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.