Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои саривақтии сокинон ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиати шаҳрвандон, дар доираи сафари кории иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ёвон қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд.
Дар рафти қабули шаҳрвандон аз ҷониби иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон зиёда аз 19 нафар сокинон аз ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия бо масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла, расонидани кӯмаки моддиву молиявӣ, мусоидат барои гирифтани табобат, таъмири роҳҳо, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ, дастраси ба оби тозаи ошомиданӣ, ҷудо намудани қитаъи замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани замин барои сохтмони коргоҳи хурди саноатӣ, оиди кӯмак баҳри табобати фарзанди хурдсол ва дигар масъалаҳои рӯзмара муроҷиат намуданд.
Бояд қайд намоем, ки зимни қабули шаҳрвандон ҳамаи муроҷиаткунандагон миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои пайваста баён намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид пас аз шунидани муроҷиатҳои сокинон ба масъулини сохторҳои вилоятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раёсат ва шуъбаву сохторҳои дахлдор барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои матраҳшуда супоришҳои мушаххас доданд.