Имрӯз, 22 феврал, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш афсарону сарбозони Артиши миллӣ, собиқадорони хизмати низомӣ ва фаъолони вилоят ширкат варзиданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид афсарону сарбозони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, изҳори итминон кард, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ, ки асоси онро садоқат ба Пешвои муаззами миллат ва обу хоки ин Ватани азизамон ташкил медиҳад, содиқ мемонанд.
Зикр шуд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон хуб ба ёд доранд, ки бо назардошти сабақҳои талхи таърихи бостонӣ ва солҳои аввали Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз рӯзҳои нахустини сарварии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёд, таҳкиму тақвият ва омодасозии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳамаи сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Бо сифатҳои волои роҳбарию раҳнамоӣ ва сипаҳсолорию лашкардорӣ ба бунёди давлати неруманду пойдор устуворона камар бастанд ва маҳз фидокориву роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистони маҳбуб дорои Артиши пурзӯру қавӣ гардид. Имрӯз ин неруи дифоии аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаю озмоишдида қодир аст, ки бақою устувории давлати тоҷиконро таъмин намояд.
Бо ифтихори баланд мардуми кишвар Эмомалӣ Раҳмонро Асосгузори Артиши миллӣ ва кафили сулҳу субот меноманд ва ҳамакнун 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳро бо татбиқи иқдому ташаббусҳои наҷиби ватандӯстона, равнақи бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ ба таври шоиста истиқбол мегиранд, — афзуд Давлаталӣ Саид. – Бешак, сокинони сарбаланди вилояти Хатлон садоқат ба Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии онро вазифаи муқаддаси худ шуморида, аз сиёсати дурбинонаву созандаашон ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Дар идома раиси вилоят барои гиромидошти хотираи неки афсарону сарбозоне, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми меҳан қаҳрамонона ҳалок шудаанд, дақиқаи хомушӣ эълон намуд.
Ҳамчунин, раиси вилоят ба ҳамаи онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона хизмат карда, дар фароҳам овардани шароити орому осудаи имрӯзаи меҳан саҳми арзанда доранд, сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми басо арзишманди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорон дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои бузургу таърихии халқамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи марзҳои муқаддаси давлати тоҷикон, таъмини амнияти давлат ва халқи Тоҷикистон ҳамеша бо некӣ ёд меоранд.
Артиши миллии мо сӣ сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида буд, аз сифр таъсис дода шуд, — қайд кард Давлаталӣ Саид. — Дар давраи аввали истиқлолият, чи хеле ки Пешвои миллат борҳо таъкид мекунанд, ҳатто мо генерале надоштем, ки ба ҳайси вазири дифоъ таъин намоем. Ҳоло дар ҳамин толор чӣ қадар генералҳо ва афсарони баландрутба нишастаанд, ки боиси ифтихори мо аст.
Қобили зикр аст, ки роҳбарияти вилояти Хатлон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ба ҳар як қисми низомӣ ва дидбонгоҳҳои дар ҳудуди вилоят ҷойгирбуда вобаста шуда, дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросими давлатӣ ва тақвимӣ ба дидори афсарону сарбозон рафта, ба онҳо кумак мерасонанд.
Ҳамзамон, раиси вилоят таъкид кард, ки бо дастури Пешвои муаззами миллат корҳои таъмиру азнавсозӣ дар қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ҷараён дошта, ҷузъу томҳои низомӣ ба меъёру талаботи муосир ва шаҳрчаҳои ҳарбӣ мутобиқ гардида истодаанд.
Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад, — афзуд Давлаталӣ Саид. — Бояд ҷавонони мо хуб дарк намоянд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан – модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ мебошад. Ҳамчунин, ҷавонони мо бояд сабақи ватандӯстиву худшиносиро дар пайравӣ ба хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҳифзи содиқонаи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлол омӯхта, барои ҳимояи хоки муқаддаси аҷдодӣ тамоми неру ва дониши худро сарф намоянд.
Дар идомаи ҳамоиши тантанавӣ аз ҷониби раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба зиёда аз 40 нафар собиқадорон, афсарон ва сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Пас аз қисмати тантанавии ҳамоиш намоиши ҳунарии аҳли санъати вилоят ба ифтихори сиюмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ барпо гардид, ки тараннумгари Ватан, мактаби ҷавонмардиву шуҷоат, истиқлолу ваҳдати миллӣ буд. Иштирокдорони ҳамоиш таъкид карданд, ки волотарин меъёри ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол – ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он мебошад.