НИШАСТӢ МАҶОЗӢ ДОИР ГАРДИД

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид, муовинони раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар нишасти маҷозӣ доир гардид. Дар нишасти маҷозӣ муҳтарам Давлаталӣ Саид оиди дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят аз ҷумла, омодагии шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар ба кишту кори баҳорӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ, ҳамчунин оиди сари вақт иҷро намудани қисми даромади буҷети маҳаллӣ, кам кардани бақияпулиҳои андоз, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷумла ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар оиди иҷроиши дурнамо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ шунида шуд. Чуноне ки аз таҳлилу фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бармеояд новобаста аз дастовардҳои бадастомада камбудиҳо низ дар самти соҳаи кишоварзӣ ҷой дарад. Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид масъулини шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки аз обу ҳаво мусоид самаранок истифода бурда, зеро иқлими ин минтақа хеле гарм буда, ба кишту кори баҳорӣ омодагии ҳамаҷониба бинанд. Аз ин рӯ бояд кишоварзони вилоятро зарур аст, ки бо мақсади самараноку оқилона истифода бурдани замин ва ба кишти зироатҳои кишоварзӣ сурат бахшида дар муҳлати обтималӣ кишти онҳоро ба анҷом расонанд. Ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.
Яке аз масъаи дигаре, ки дар ин нишасти маҷозӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт ин ҳам бошад, пеш аз ҳама иҷроиши қисми даромади буҷети маҳаллӣ, кам намудани бақияпулиҳои андоз мебошад. Зикр гардид, ки дар шаҳру навоҳии вилоят манбаҳои зиёди андозбандӣ баръало мушоҳида мегардад. Аз ин лиҳоз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоятро лозим аст, ки дар ҳамкорӣ бо масъулини мақомоти андоз аз манбаҳои мавҷуда самаранок истифода баранд, зеро пешрафти иқтисодиёти вилоят аз иҷроиши нақшаи буҷети маҳаллӣ сахт вобастагӣ дорад.
Дар охир раиси вилоят раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтарро муаззаф намуд, ки нисбати тамоми камбудиҳои ҷойдошта,чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани чораҳои дар пешистода аз ҷумла Рӯзи артиши миллӣ, Рӯзи модар ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ омодагии ҳамаҷониба гиранд. Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи 23 – юми феврал аксияи тозагӣ гузаронида мешавад, ки ҳадафи он вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, кабудизоркунӣ ва шинонидани ниҳолони ҳамешасабзу сояафкану гулу гулбуттаҳои мавсимӣ мебошад, ки дар ин чорабинӣ бояд меҳнаткашони вилоят бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иштирок намоянд.

Related Articles