Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлиро қабул намуд. Зимни қабул роҳбарияти вилоят ташрифи намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вилояти Хатлон пеш аз ғози кори ҷаласа барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипосу минатдорӣ баён намуданд.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамкориҳои судмандро бо Бокни Ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти тамоми самтҳои хоҷагии халқи вилоят ба роҳ монда, итминони комиласт, ки дар оянда бо ин Бонки бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамкориҳои хуберо дар самти сиёсати давлатӣ иҷро хоҳем кард. Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлатӣ Саид зимни ҷаласаи корӣ қайд кардаанд, ки Бонки Ҷаҳони тули 30-соли фаъолияти худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 110 лоиҳаро дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар бо маблағи умумии беш аз 2,3 миллиард долари амрикои амалӣ кардааст, ки ин маблағҳо дар шакли грант, қарзҳои имтиёзнок ва фондҳои мақсаднок ҷудо гардида, қисми зиёди он ба вилояти Хатлон низ равона гардидааст. Айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон 14 лоиҳаи сармоягузории давлати бо дастгирии Бонки Ҷаҳони мавриди амал қарор гирифтааст, ки маблағи аз худшудаи он 260 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳони дар Тоҷикисон дар навбати худ оид ба ҳамкориҳои судманд дар самти рушду тарақи додани соҳаҳои ҳаётан муҳими давлатӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, роҳу нақлиёт ва амсоли онҳоро муҳим арзёби карда, қайд намуданд, ки дар таҳия ва пешниҳод кардани лоиҳаҳои давлатӣ ҷудо гардидани маблағҳои грантӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини шароити хуб барои аҳолии вилояти Хатлон дар назар дошта шудааст.
Вилояти Хатлон яке аз калонтарин минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, вилояти аграрӣ маҳсуб меёбад, ки аҳолиаш 3,6 миллион нафарро ташкил медиҳад. Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон иброз доштанд, ки дар баробари пешравиҳо камбудиҳо низ мавҷуд буда, итминон намуданд, ки дар якҷоягӣ бо дастгирии бевоситаи сохторҳои молиявӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ онҳоро бартараф менамоянд. Яке аз мушкилоти асосӣ дар вилоят ин бо оби тозаи нушоки таъмин набудани қисмате аз сокинон мебошад, ки дар ин самт бо маблағи 59 миллион долар лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Кушониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Левакант, Дӯстӣ ва Ҷайҳун корҳо бо маром идома дорад.
Дар фарҷом Озан Севимли намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳояшро баён намуда, иброз дошт, ки роҳбарияти Бонки Ҷаҳони барои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон ва рушду тарақи додани соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон омодааст, ки ҳамкориҳои муфидро ба роҳ монад. Номбурда бо итминони комил қайд намуд, ки дар якҷоягӣ мову Шумо метавонем дар самти сиёсати дохилӣ-хориҷӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ корро ҷоннок намоему рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоятро баланд бардорем.