Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо гурӯҳи ҳамроҳонаш бо мақсади шиносоӣ аз рафти фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ АГРО”, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ амал мекунад, ташриф оварданд. Ҷамъият дар заминаи хоҷагидории худ боғдорӣ ва парвариши зироатҳоро ба роҳ мондааст.
Маълумот дода шуд, ки ҶДММ “ТОҶ АГРО” соли 2021 дар заминаи ҶДММ “Московский” таъсис ёфта, дар ҳудуди деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қарор дорад.
Ҷамъияти мазкур дар ихтиёри худ 66 гектар замини корами обӣ дорад, ки аз ин 36,8 гектарашро токзор ва 3 гектарашро боғи мевадиҳанда (себу зардолу) ташкил медиҳад. Аз 36,8 гектар токзор 24 гектараш боғҳои аз нав барқароршудаи яксола мебошад. 9 гектар токзори дигар ҳосилдеҳ буда, дар онҳо ангури навъи ҳусайнии сафеду сиёҳ, “шоҳона”, “победа”, кишмиши сафеду сиёҳ ва ангури навъи тойфӣ парвариш ёфта истодааст. Дар 3,8 гектар токзор ангури навъи “беҳамто” пайванд гузаронида шудааст.
Ҷамъият дар масоҳати 3 гектар замин барои парвариши зироатҳо ва дарахтони ситрусӣ 2 гармхонаи доимамалкунанда бунёд намудааст. Айни ҳол дар гармхонаҳо парвариши помидор ва дигар намуди зироатҳо ҷараён дошта, ҳосили он барои аҳолӣ пешкаш гардида истодааст. Парвариши дарахтони ситрусӣ бошад, дар гармхонаҳо дар ҳолати хуби парвариш қарор доранд.
Ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи ҶДММ “ТОҶ АГРО”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Бо ин мақсад Ҷамъияти мазкур бунёди коргоҳи коркарди асалро ба роҳ мондааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз 2 тонна асали аз ҷиҳати экологӣ тозаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ дорои сифати баланд буда, ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба содирот бароварда мешавад.
Асал барои коркард асосан аз хоҷагиҳои занбӯрпарвари дохили кишвар ворид карда мешавад. Ҷамъият нақша дорад, ки дар оянда дар заминаи худ парвариши занбӯри асалро ба роҳ монад.
ҶДММ “ТОҶ АГРО” барои нигоҳдории ҳосили сабзавот, ангуру меваи боғу токзори худ ва хоҷагиҳои ҳудуди ноҳия сардхона бунёд намудааст, ки масоҳати он 0,10 гектарро дар бар гирифта, ғунҷоишаш 1000 тоннаро ташкил медиҳад.
Гармхонаҳои Ҷамъияти мазкур дар маҷмӯъ 3 гектарро дар бар мегирад. Қисмати аввали он дар масоҳати 1 гектар моҳи октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда буд. Дар як давра аз як гектар 70 тонна ва дар давоми сол бошад, 140 тонна помидор истеҳсол карда мешавад. Истеҳсоли помидор дар як сол аз 3 гектар 420 тоннаро ташкил медиҳад. Помидори истеҳсолнамуда ба бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар ба содирот бароварда мешавад.