Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид чун анъана, аз ҳолу аҳвол ва зисту зиндагонии собиқадори меҳнат Умаралиев Мирзоалӣ, ки барои пешрафти соҳаи хизматрасонии тиб ва ободонии диёру ватани худ умри пурбаракати худро сарфи он кардааст, аёдат намуд.
Ҳангоми боздид ба собиқадори меҳнат аз номи Пешвои миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон туҳфҳои таъсисдодаро тақдим намуд. Сипас, аз ҳолу аҳволи он кас пурсон шуда, оид ба масъалаҳои рӯзмарраи зиндагӣ ва эҳтиёҷоти он масъалагузорӣ намуд. Собиқадори меҳнат Умаралиев Мирзоалӣ ҳангоми суҳбат шукронаи тинҷиву амонӣ ва сиёсати пешгирифтаи ҳукумати давлати Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои муаззами миллат баён намуд.
Собиқадори меҳнат Умаралиев Мирзоалӣ аз соли 1978 баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳайси духтури ҷарроҳ корро оғоз карда(1978 -1983), баъдан дар вазифаи мудири шуъбаи ҷарроҳӣ (1983-1997), аз соли 2003 то 2007 ба ҳайси сардухтури беморхонаи марказии ноҳия ва аз соли 2007 то 2018 то ба нафақа баромадан духтури ҷарроҳ фаъолият кардааст. Собиқаи умумии корӣ дар соҳаи тиб 45 солро ташкил медиҳад.
Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи тандурустӣ аз тарафи ҳукумат бо мукофотҳои соҳавӣ: «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Аълочии Қӯшунҳои сарҳадӣ» дараҷаҳои 1,2,3, Грамотаи фахрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (1985) ва медали «Ҷанговари башардӯст» — барои кумаки тиббии башардӯстона расонидан дар Ҷумҳурии Афғонистон ва Сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудааст.