Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияти давлатӣ ҳамчун кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Зеро ноил шудан ба истиқлолият ва дар ин асос бунёд намудани давлатдории мустақили миллӣ ба халқҳои ҷаҳон имкон фароҳам меорад, ки соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд.
Дар ҷаҳони пуртазоди охири садаи гузашта, ки истиқлолияти Тоҷикистон ба чунин давраи ҳассос рост омад, ҳарчанд барои мардуми тоҷик бисёр душвор буд, вале миллати тоҷик таҳти роҳбарии хирадмардонаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи арзишҳои милливу таърихии халқамон ва суннатҳои давлатдории миллатамон роҳу равиши хосаи худро дарёфт ва имрӯз ба сӯи ҳадафи бузурги интихобкардаамон — эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ дилпурона пеш меравад.
Сарфи назар аз мушкилоти солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба давлати ҷавони мо муяссар шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгириву пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти конститутсионӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ барқарор шуда, амалан дар ҷои холӣ Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис ёфт. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар натиҷаи пуштибонии гарму самимонаи мардуми сарбаландамон, бахусус ҷонбозиву фидокориҳои афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи навтаъсиси кишварамон хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандашавии миллат рафъ шуда, ҳоло мо барои пойдору устувор гардонидани аркону пояҳои давлати миллиамон дастаҷамъона азму талош карда истодаем.
Ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо дар натиҷаи иқдомоти пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сохтори муташаккил ва муосири ҳарбӣ табдил ёфта, таҷрибаи омодабошии ҷангии худро такмилу тақвият бахшида, бо мутахассисони касбии дорои таҳсилоти олии ҳарбӣ таъмин карда шуданд, ки имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи замонавӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ рисолати бошарафу муқаддаси худро садоқатмандона иҷро мекунанд.
Дар тӯли таърихи сисолаи Қувваҳои Мусаллаҳ Роҳбарияти олии кишвар доир ба дастгирии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла дар самти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва хизмат ҳамаи имкониятҳоро истифода карда истодааст.
Ҳиссаҷудокунӣ барои таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳ ва маоши хизматчиёни ҳарбӣ давра ба давра зиёд гардида, ин раванд бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ минбаъд низ идома дода мешавад. Мутобиқи Барномаи азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои солҳои оянда таҷҳизонидани ҷузъу томҳо бо аслиҳа ва воситаҳои техникии муосири ҳарбӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити хизмат пешбинӣ шудааст.
Мо — ҳомиёни шуҷоъ набояд фаромӯш созем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаамон вогузор намудаанд. Мардуми кишвар дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша ва-
фодор ҳастанд.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми азму ирода ва неруву малакаи касбии худро барои хизмат ба халқу Ватан, сарвари маҳбубамон ва сазовор будан ба эътимоду боварии сокинони кишвар сафарбар намоем. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд амиқан дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат зоҳир мегардад.
Итминони комил дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан — Модар, миллат ва давлати Тоҷикистон бо сарбаландӣ иҷро мекунанд.
Ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро самимона табрик гуфта, ба ҳар шаҳрванде, ки таҳти Парчами давлати соҳибистиқлоламон суботу оромии кишвар, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеаро таъмин мекунад, саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ орзу менамоям.
Ҳоким Раҳимзода,
муовини прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар,
полковники адлия