Гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ зимни омӯзиши вазъи нашъунамои сабзавот, хусусан картошка ва пиёзи барвақтӣ, боғу токзорҳо, гармхонаҳо, чорво ва наслдиҳии онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, муайян намуд, ки аз ҳисоби сардиҳои моҳи январ ба майдони кишти ин зироатҳо ва чорво зарари ҷиддӣ нарасидааст.
Мувофиқи дурнамо соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят гирифтани 188380 сар барраю бузгола дар назар дошта шудааст. Аз рӯи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят, то 10 феврали соли ҷорӣ 28191 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1958 сар зиёд буда, ба 15 фоизи иҷрои дурнамо баробар мебошад.
Ҳамзамон, мувофиқи маълумоти фаврӣ, ба ҳолати 9 феврали соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят дар майдони 8638 гектар пиёз ва 2151 гектар кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта кишти пиёзи барвақтӣ 638 гектар зиёд мебошад.
Кишти картошкаи барвақтӣ дар шаҳри Левакант дар майдони 39 гектар, ноҳияҳои Кӯшониён 275 гектар, Вахш 95 гектар, Ҷайҳун 56 гектар, Панҷ 102 гектар, Қубодиён 118 гектар ва Шаҳритус 72 гектар гузаронида шудааст.