Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 муайян намуд, ки дар баробари се ҳадафи стратегии мавҷудаи кишвар, ки қариб пурра ба иҷро расиданд, дар оянда баланд бардоштани соҳаи саноат зарур ва муҳим аст.
Бо ҳамин мақсад Роҳбари давлат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намуда, тамоюли афзоишу пешравиии тамоми соҳаҳо ба саноатикунонии кишвар нигаронида шудааст.
Тоҷикисотон бояд бештар ба истеҳсоли маҳсулоти саноатии ватанӣ рӯ оварда, масъалаи зиёд намудани номгӯй ва миқдори маҳсулоти воридотивазкунандаро дар мадди аввал гузорад.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар, имрӯз дар идомаи сафар, иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Вахш аз корхонаи соҳибкор Юсупов Бароталӣ дар ҷамоати деҳоти 20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш Корхонаи насоҷӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли ҷуробро бо арзиши умумии 12 миллион доллар бунёд намудааст боздид намуданд.
Мақсди асосӣ аз бунёди Корхона таъмин намудан бо истеҳсоли маҳсулоти насоҷии ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини маоши баланд, ба ин васила паст намудани сатҳи ниёзмандии аҳолӣ ва дар интиҳо ба даст овардани манфиати иқтисодӣ мебошад.
Комплекси мазкур аз 0,58 гектар замин иборат буда, замини зери сохтмон 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар дохили Корхона тамоми роҳравҳо бо сафолак ва бетон пӯшонида шуда, гирду атроф дар масоҳати 500 метри мураббаъ бо алафҳои ороишӣ сабзкорӣ карда шудааст. Дар даромадгоҳ гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.
Айни ҳол корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шуда, 60 фоизи корҳои насбкунии таҷҳизотҳо ба анҷом расонида шудааст.
Дар корхонаҳо таҷҳизот ва ашёву анҷоми муоссир насб гардида, тибқи нақшаи тиҷоратӣ дар сурати ба пуррагӣ фаъол гардидани корхона 400 нафар сокинони маҳал ба кор таъмин карда мешаванд.