Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносои аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом дод. Пеш аз вохӯрӣ бо фаъолон Давлаталӣ Саид ба аёдати собиқадори меҳнат Тағоева Садафмо рафта аз ҳолу зиндагияш пурсон шуда, маводҳои ғизои ба ин оила расонида шуд.
Тағоева Садафмо, собиқадори меҳнат буда, 10 майи соли 1941 дар оилаи хизматчӣ, дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст.
Соли 1958 оилаи онҳо ба ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш кӯчида омадаанд. Садафмо Тағоева соли 1964 мактаби миёнаи №6-и ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияро хатм карда, худи ҳамон сол ба факулати филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1969 онро бо ихтисоси филологи тоҷик хатм мекунад.
Солҳои 1969-1974 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолият намудааст.
Солҳои 1974-1987 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи Шурои депутатҳои ноҳия, солҳои 1987-1990 Котиби Кумитаи ҳизби коммунист дар хоҷагии «Ленинград» -и ноҳия, солҳои 1990-1991 Инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи Ҳизби Коммунисти ноҳияи Вахш, дар соли 1992 методисти шуъбаи маорифи ноҳия, солҳои 1992-1994 ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи шурои депутатҳои халқии ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳия, солҳои 1994-2000 Раиси ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳия, солҳои 2000–2012 Директори маркази минтақавии хизматрасонӣ ба шахсони яккаву танҳои ноҳия, солҳои 2012-2017 омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия, солҳои 2017-2018 ҳамоҳангсози маркази захиравии минтақавӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон фаъолият намудааст.
Падаршон Муродов Тағой соли 1917 дар ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, корманди Комиссаритаи ҳарбӣ буда, соли 1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок мегардад.
Модарашон Раҳимова Ҳоҷимо соли соли 1919 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, соли 1992 аз дунё мегузарад.
Шавҳараш Гадоев Шодӣ соли таваллудаш 1940 буда, судиҷрои Суди ноҳияи Вахш, соли 2020 аз олам мегузарад.
Духтараш Гадоева Саодат соли таваллудаш 1977 маълумоташ олӣ, оиладор, соҳиби як фарзанд, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ва фаъолият мекунад.
Писараш Гадоев Рустам, соли таваллудаш 1986 оиладор ҳамроҳашон зиндагӣ мекунад.
Садафмо Тағоева Аълочии соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.