ДАР ВИЛОЯТ 1779 АДАД МУАССИСАҲОИ МУОЛИҶАВИЮ ПРОФИЛАКТИКАВӢ ФАЪОЛИЯТ ДОРАД

Дар соли 2022 дар вилоят 1779 адад муассисаҳои муолиҷавию профилактикавӣ фаъолият намуда, аз ҷумла 1517 адад муассисаҳои амбулаторию дармонгоҳӣ, 41 адад муассисаҳои амбулаторию госпиталӣ ва 119 адад муассисаҳои сохтори госпиталӣ мебошад.
Дар муассисаҳои тиббии вилоят 3994 нафар духтурон бо маълумоти олӣ ва 20099 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доранд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум шумораи духтурон 344 нафар, аз ҷумла аз ҳисоби умумӣ ҷарроҳон 13 нафар, момодоя 8 нафар, духтури амрози даруна 14 нафар, духтурони кӯдакона 17 нафар, тибби оилавӣ 38 нафар, духтури дандон 9 нафар ва кормандони миёнаи тиббӣ 1392 нафарӣ зиёд шудааст.

Related Articles