Имрӯз, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид кадрҳои навтаъини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро ба ҳузур пазируфт.
Ёдовар мегардем, ки дар мувофика бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якум, муовинони раиси шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Балҷувон, Носири Хусрав, Хуросон, Ш. Шоҳин, Шаҳритус, Восеъ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун таъин гардиданд.
Дар ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки кадрҳои навтаъиншуда бояд барои ба боварии Роҳбари давлат ва мардум сазовор будан ва иҷроиши саривақтии вазифаву уҳдадориҳо, дастуру супоришҳо тамоми донишу маҳорати худро истифода намоянд.
Таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии насли наврас аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ташкил намудани вохӯриҳои иттилоотӣ ва мусоидат дар баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонону наврасон аз масъалаҳое буданд, ки раиси вилояти Хатлон истодагарӣ намуд.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои оғози фаъолият ба ҳамаи кадрҳои навтаъиншуда барору комёбӣ хоста, дарки баланди масъулиятро таъкиди ҷиддӣ намуд.