АЁДАТИ ХУДОЙБЕРДИЕВ МУСТАҚИМ АЗ ТАРАФИ ДАВЛАТАЛӢ САИД

Дар ноҳияи Қубодиён иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба аёдати маъюби гурӯҳи якум Худойбердиев Мустақим ва фарзандаш Худойбердиев Зоир рафта аз ҳолу зиндагияшон пурсон шуда, маводҳои ғизои ба ин оила расонида шуд.
Шаҳрванд Худоибердиев Мустақим соли таваллудаш 1958, сокини кӯчаи Тахти Қубод 5-и Ҷамоати шаҳарки Қубодиён буда, дар оилааш худ ва ду писараш маъюби гурӯҳи 1-ум ва 1 писараш маъюби гурӯҳи 2-юм мебошанд. Ба писари калонаш зиндагӣ мекунад. Писари дуюмаш Худоибердиев Зоир маъюби гурӯҳи якум ва писари сеюмаш Худоибердиев Иҳромиддин маъюби гурӯҳи дуюм ҳамроҳи падар зиндагӣ мекунанд.

Худоибердиев Зиннатулло, ки маъюби гурӯҳи 1-ум мебошад, аз ҳисоби масҷиди ғайрирасмӣ дар Ҷамоати шаҳраки Қубодиён замини наздиҳавлигӣ дода шуда, алоҳида бо оила зиндаги мекунад. Раиси вилоят ба масъулини ноҳия дастур доданд, ки дар ҳама иду ҷашнҳо дасти кумак ба ин оила расонанд.

Related Articles