3 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар маркази вилоят, шаҳри Бохтар Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост!” баргузор карда шуд.
Дар аксияи мазкур волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, аъзои ташкилотҳои ибтидоии шаҳр, аз ҷумла ташкилоти ибтидоии “Идораи коммуналӣ” иштирок доштанд.
Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ иштирокдорон бо истифода аз обу ҳавои мусоид ҷӯйборҳои обгузари маркази шаҳр аз лойқа, роҳравҳои одамгузар, таги дарахтони сояафкан ва саҳни ташкилотҳои ибтидоиро аз партов, баргҳои хушкшудаву хасрӯбаҳо тоза карданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки мақсад аз роҳандозӣ кардани чунин корҳои ободониву созандагӣ тозагии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту ободии Ватан буда, дар оянда низ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияву ҳашарҳои дастаҷамъона доир карда мешавад.