Имрӯз, дар шаҳри Кӯлоб ҷашни Сада таҳти унвони «САДА – ҶАШНИ ГАРМИЮ НУР» бо як шукӯху шаҳомати хос таҷлил карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, роҳбарон, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, соҳибкорон ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Иштирокдорон нахуст дар афрӯхтани гулхан, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада мебошад, ҳамчун рамзи ғалабаи рӯшноӣ ба зулмот(торикӣ) иштирок карда, баъдан аз намоиши дастовардҳои деҳқонону ҳунармандони ҷамоатҳои деҳот ва кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои соҳибкории Кӯлоб дидан намуданд. Дар вақти пазироӣ ба деҳқонону ҳунармандон аз тарафи иштирокдорон таҳсину офарин хонда шуд.
Сипас, Раиси шаҳри Кӯлоб бо сухани табрикотӣ ҳозирин ва мардуми шаҳри Кӯлобро ба ҷашни Сада табрику муборакбод гуфтанд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки — Сада ҷашни ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дар радифи дигар суннату оинҳои бостонии миллати тоҷик бар пояи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё шудааст. Тавре Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: “Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид”.
Баъдан, муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам табрикоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба мардуми шарифи Кӯлоб ва ҳозирин расонид. Аз ҷумла қайд намуданд, ки «Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои суннатии ниёгон аз нав эҳё гардида, алалхусус Идҳои Сада ва Меҳргон, ки иди кишоварзон ба шумор меравад, бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Дар чунин рӯзи фараҳбахшу бошукӯҳ ба забон овардани дастовардҳои кишоварзони вилояти Хатлон, бахусус шаҳри Кӯлоб, албатта боиси болидарӯҳии кишоварзон мегардад.»
Дар чорабинии мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба як қатор роҳбарон, фаъолон ва кишоварзони меҳнатқарини шаҳри Кӯлоб сипосномаю ифтихорномаҳо ботантана тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Сада аз тарафи фарҳангчиёни шаҳри Кӯлоб ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.