Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди босуръати соҳаи саноат ва тақвият бахшидани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз вазъи фаъолияти кунунии чанде аз корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Бохтар, аз ҷумла ҶСК Трансформаторбарорӣ, ҶДММ Меҳровар, гугирдборӣ, қаннодиву коргоҳҳои дучархасозӣ, ҷӯроббофӣ, истеҳсоли мебел ва корхонаи забҳи мурғ дидан намуда, ҳамчунин бо фаъолияти КФД ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳри Бохтар аз наздик шинос гаштанд. Нахуст Давлаталӣ Саид аз фаъолияти имрӯзаи ҶСК Трансформаторбарории шаҳри Бохтар боздид намуданд. ҶСК Трансформатори шаҳри Бохтар бо истеҳсоли трансформатор ҳанӯз дар давраи пойдории собиқ иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти густурда дошта, трансформаторҳои истеҳсолшуда дар бозори ҷаҳонӣ харидорони худро доштанд. Тибқи иттилоъ ҶСК Трансформатори шаҳри Бохтар соли 2022 ба маблағи 35 миллиону 115 ҳазору 234 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбати соли 2021 727 ҳазору 272 сомонӣ зиёд буда, афзоиш 102,1 фоизро ташкил додааст. Дар ин давра 283 адад трансформаторҳои гуногунтамға истеҳсол кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18 адад зиёд арзёбӣ шуд. Мутахассисони Ҷамъияти мазкур дар ҷодаи таъмиру азнавсозии трансформаторҳои таъмирталаб таҷрибаи бойи корӣ доранд ва он трансформаторҳое, ки аз ҷониби шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо ба ин коргоҳ ворид карда мешавад, саривақтӣ аз таъмир бароварда мешаванд.
Роҳбарияти вилоят ва шаҳри Бохтар дар ин рӯз ҳамчунин аз фаъолияти ҶДММ Меҳровар низ боздид намуданд. Корхона дар бинои боҳашамати чорошёна ҷойгир буда, ҳамагӣ дар якчанд ҳуҷраҳо фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ ба роҳ монда шудааст. Давлаталӣ Саид зимни боздид аз ин ҷамъият масъулонро вазифадор намуданд, ки фаъолияти корхонаро хуб намуда, дар таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмини сокинон бо ҷойҳои кории холӣ мусоидат намоянд. Ҳамчунин ба муовини соҳавӣ ва роҳбарияти шаҳри Бохтар дастур дода шуд, ки ҷиҳати фаъолгардонии ин ҷамъият тадбирҳои заруриро андешанд.
Рушди саноат яке аз омилҳои асосии инкишофи босуръати иқтисодиёт мебошад. Бо дарки ин маънӣ тайи чанд соли охир дар шаҳри Бохтар корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ қомат афрохтаанд, ки маҳсулоти ин коргоҳҳо харидорони худро пайдо кардаанд. Корхонаи шифербарорӣ низ аз ҷумлаи он корхонаҳоест, ки ки соли гузашта фаъолияти назаррас дорад ва дар ин коргоҳ то 40 нафар кормандон ба кор ҷалб гаштаанд. Ашёи хомро роҳбарияти ҷамъият аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва семент аз ноҳияи Ёвон дастрас мекунанд ва минбаъд дар назар аст, ки фаъолияти ин коргоҳ васеътар ба роҳ монда шавад. Корхонаи гугирдбарорӣ низ дар вилоят беназир буда, ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона низ аз дигар ҷумҳуриҳо ворид мегардад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз коргоҳҳои дучархабарори ва ҷӯроббофӣ дидан карда баҳри боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти онҳо дастурҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Бо мақсади минбаъд хубтар ба роҳ мондани захираи маводҳо аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Бохтар сардхонаҳо фаъолияти босамар дошта бошанд. Соҳибкорон ҳамчунин сардхона – анбори нигоҳдории гушт ва маҳсулоти гуштиро ба роҳ мондаанд, ки ин раванд метавонад дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар саҳми муносиб гузорад.
Дар коргоҳи мебалбарорӣ роҳбарияти вилоят ва масъулини шаҳри Бохтар бо дизайн ва ороиши мебелҳо тарзи омодасозии мебелҳои хушсифат шинос шуданд.
Дар ҶДММ Холназар, ки роҳбарияшро Холназар Сафаров ба уҳда дорад, роҳбарияти вилоят бо тарзи забҳи мурғ, қимма кардани гушти мурғ, бандубаст ва ба фурӯш омода кардани гӯшти мурғ дидан намуданд. Гуфта шуд, ки дар ҶДММ Холназар 6 сардхона омода буда, дар асоси шартномаи ҳамкорӣ корхонаҳои мурғпарварӣ метавонанд аз он самаранок истифода баранд. Корхонаи номбурда дар вилоят яке аз аввалинҳо ба шумор рафта, талабгоронаш барои ҳамкорӣ миёни мурғпарварон бесобиқа аст.
Дар идомаи сафари корӣ роҳбарияти вилоят ва шаҳри Бохтар ҳамчунин бо фаъолияти корхонаи фаръии давлатии ниҳолпарварии шаҳр дидан намуданд. Дар ин корхона парвариши гулҳои мавсими ва дарахтони ҳамешасабз ба роҳ монда шуда, кормандони корхона дар ин ҷода таҷрибаи ғанӣ доранд. Масъулини корхона қаламчаҳои гулҳои садбарг ва гармхонаҳои гулҳои мавсимиро дар ҳолати хуб нигоҳдорӣ ва парвариш намуда, бо фаро расидани мавсими гулшинонӣ дар сарсабзу хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бохтар саҳмгузорӣ мекунанд.
Иҷрокунандаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони шаҳри Бохтар ва роҳбарияти корхона ҷиҳати пурсамар ба роҳ мондани фаъолият ва ҷалби мутахассисони ботаҷриба, бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта дастуру тавсияҳо пешниҳод намуданд.