Айни ҳол дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон ҷараён дорад.
Нахуст, раиси вилоят қайд намуданд, ки баррасии арзу матлаби шаҳрвандон аз ҷумлаи масъулиятҳои муҳимми мақомоти давлатӣ маҳсуб мегардад.
— Дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон, таъмини зиндагии шоиста ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар мадди назари давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад, — зикр намуданд Давлаталӣ Саид. — Мо дар хизмати мардум хоҳем буд.
Сокинони ноҳияи Кӯшониён Абдулло каримов, Собирҷон Ғозиев, Ҷӯрақул Алиев, Маҳмадраҳим Саидов, Шаҳло Мирзоева, Бибигул Шарипова, Сафарбии Убайдулло, Сайфиддин Гулов, Мунаввара Турақулова, Гулбадан Қувватова, Рӯзигул Одинаева, Бозорбой Маҳмадмуродов, Нарзигул Асламова, Саид Салоҳов ва дигарон оид ба масъалаҳои ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Тоҷикободу Чорбоғ, кумак барои сохтани кӯпрук, дастрас намудани трансформатор ва кашидани хатти барқи баландшиддат, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, эҳтиёҷмандӣ ба кумаки пулӣ барои фарзандони маъюб, таъмин намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кумак барои гузаронидани хатти корез муроҷиат намуданд.
Раиси вилоят аз ташаббуси шаҳрвандоне, ки омодаи саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию бунёдкорӣ мебошанд, ситоиш намуда, қобили ибрату дастгирӣ арзёбӣ кард.
Ба масъулони сохторҳои дахлдори вилоятӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли мусбати арзу муроҷиати матраҳшуда чораҳои бетаъхир андешанд.