РАИСИ ВИЛОЯТ БА АЁДАТИ ХОНАВОДАИ САРБОЗИ ШАҲИДГАШТА РАФТ

Зимни аёдати хеш иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Кӯшониён ба аёдати оилаи марҳум Ҳусейнов Шодмон Шодихонович омада аз зиндагӣ ва шароити онҳо пурсон шуданд. Ҳусейнов Шодмон Шодихонович соли таввалудаш 22.10.2001 дар деҳаи ба номи А. Ҷомии Ҷамоати деҳоти Заргар дар оилаи деҳқон ба дунё омада, соли 2008, ба синфи якум дар МТМУ, №9 таҳсилро оғоз намуда, соли 2019 муассисаи мазкурро хатм намудааст. Баъди хатми муассиса як сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, 7 апрели соли 2021 ба Комисарияти ҳарбии ноҳияи Кӯшониён ҳозир шуда, аз комиссияи тиббӣ гузашта 7 апрели соли 2021 аз ноњияи Кӯшониён барои адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ ба вилояти Суғд сафарбар мегардад.
Дар оила Ҳусейнов Шодмон Шодихонович фарзанди 3 юм буда 2 бародар ва 2 хоҳар дорад. Падараш Ҳусейнов Шодихон Қарахонович (деҳқон), модараш Ҳусейнова Марзия Ҷурахоновна (саҳмдори хоҷагии деҳқонии Ҳақназари Ҷамоати деҳоти Заргар) мебошад.

Related Articles