САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати шунидани арзу ниёзи мардуми ва бартараф намудани мушкилии онҳо иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Кӯшониён сафари корӣ анҷом дод. Пеш аз вохури бо сокинон Давлаталӣ Саид ба аёдати падару модарони сарбозони шуҷои Ватан, ки дар ҳимояи марзу буми Ватан ҷони худро аз даст додаанд омада аз ҳолу аҳволи онҳо бо хабар шуданд.
Аз он ҷумла ба хонадони марҳум Шарипов Раҷабалӣ Раҳмоналиевич омада бо падару модари ин қаҳрамон ҳамсӯҳбат шуданд. Муҳтарам Давлаталӣ Саид барои тарбияи чунин фарзнди далеру шуҷоъ минатдории бепоёни худро расонид ва гуфта шуд, ки фарзанди Шумо фарзанди ҳукумату давлатаст ва ҳеҷгоҳ давлат, миллати тоҷик чунин мардони шуҷою далерро, ки баҳри ҳифзу Ватан, баҳри ҳимояи модару хоҳар ва бародар ҷони худро аз даст додаанд фаромуш нахоҳад кард. Шарипов Раҷабалӣ Раҳмоналиевич соли таввалудаш 2.11.1997 дар деҳаи Маданияти, Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол дар оилаи коргар ба дунё омада, соли 2004, синфи якумро дар МТМУ, №39 таҳсилро оғоз намуда, соли 2017 муассисаи мазкурро хатм намудааст. Баъди хатми муассиса соли 2017 ба Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, соли 2021 донишгоњи мазкурро хатм намуд.
Бо хоњиши худаш ба Комисарияти њарбии шањри Бохтар њозир шуда аз комиссияи тиббӣ гузашта 10 октябри соли 2021 аз шањри Бохтар барои адои хизмат ба Кумитаи давлатии Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе сафарбар гардида, баъдан ба вилояти Суғд сафарбар гардид. Дар оила Шарипов Раҷабалӣ Раҳмоналиевич фарзанди 3 юм буда 2 бародар ва 1 хоҳар дорад.
Падараш Шарипов Раҳмоналӣ айни ҳол дар маркази ёрии таъҷилии тиббии вилоятӣ ба ҳайси ронанда фаъолият дошта, модараш Шарипова Ҷиёнгул (хонашин) мебошад.

Related Articles