Субҳи имрӯз, 26 январ, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи назоратии назди иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ иштирок намуданд.
И.в. раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид таъмини иҷрои ба дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, сухан гуфта, таъкид намуд, ки роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва супоришу вазифаҳои пешгузоштаи Президенти кишвар масъулияти шахсӣ доранд.
Давлаталӣ Саид зимни ҷаласа иброз намуд, ки ҳанӯз ҳам дар вилоят имкониятҳои истифоданашуда барои рушди иқтисодиёт зиёданд, ки дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатии рушд барои таъмини зиндагии шоистаи мардум шароит фароҳам меоваранд.
— Дар ин робита, бо истифода аз тамоми иқтидорҳои мавҷуда барои амалисозии нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ ва маҳаллии худ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои амалиро бояд роҳандозӣ намоем, — афзуд раиси вилоят.
Дар ҷаласа раиси вилоят дар назди шахсони масъул доир ба баррасии арзу муроҷиат, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ҳалли саривақтии муроҷиати онҳо масъалагузорӣ намуд. Қайд гардид, ки ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар дохили кишвар бо кор таъмин намудани шаҳрвандон бояд чораҳои таъсирбахш андешида шуда, барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо корҳои амалӣ ба роҳ монда шаванд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар ҷаласа инчунин, вобаста ба роҳандозии фаъолияти дурусти корхонаҳои пахта, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои корӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, риояи интизоми меҳнат дар ҷойи кор, таъмини шароити мусоид барои сайёҳон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба вилояти Хатлон, бо дарназардошти мураккабу вазнин ва ҳатарзо пешгӯӣ гардидани солҳои дарпешистода сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ ва вохӯриҳо бо ҷавонону сокинон, ҳидоят намудани онҳо ба ватандорию хештаншиносӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, беҳтар намудани муҳтавои барномаҳои телевизионӣ ва сифати пахш, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, фалби сармоягузорӣ, пешниҳоди дурусти лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ҷамъоварии саривақтии андозҳо, беҳтар намудани сифати таълим ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ, вусъат бахшидан ба раванди бунёди иншоотҳои ҷашнӣ аз фаъолон пурсон шуда, дастуру супоришҳои мушаххас ва тавсияҳои муфид дод.
— Сарвари мамлакат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҳар яки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад, — идома дод раиси вилоят. – Бинобар ин, ҳамаи мо – фаъолон бо қалбу дилу нияти пок баҳри фардои дурахшони Тоҷикистон бояд саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар охир, ду нафар кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон — сардори Раёсати кор бо занон ва оила Раъно Раҳимзода ва мудири шуъбаи назорати дастгоҳи раиси вилоят Гуландом Азимзода, ки бинобар расидан ба синни нафақа аз вазифа озод шудаанд, аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, тибқи қарори раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон таъин гардид.