Дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021
Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагии муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо, мутобиқи моддаҳои 19, 20 ва 33-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Низомнома ва ҳайати гурӯҳи кории озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2).
2. Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021 то 25 март натиҷагирӣ шуда, ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шаванд.
3. Сарраёсати молияи вилоят вазифадор карда шавад, ки ҳамасола маблағи мукофотонии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021-ро тибқи протоколи ҷаласаи гурӯҳи кории озмунӣ, аз ҳисоби маблағи фонди захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ҷудо намояд.
4. Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон вазифадор карда шавад, ки маблағи ҷудошударо мақсаднок истифода намуда, аз натиҷааш ба Сарраёсати молияи вилоят ҳисобот пешниҳод намояд.
5. Рӯзномаҳои «Хатлон», «Новый Хатлон», «Дӯстлик», раёсати телевизион ва радиои вилоят ташкили озмун ва талаботи низомномаи онро дар саҳифаҳои рӯзнома ва барномаҳои телевизиону радио чоп ва пахш намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини соҳавии раиси вилоят гузошта шавад.
Раис Қ. Ҳакимзода
Замимаи 1
Ба қарори раиси вилояти Хатлон
аз «21» феврали соли 2019, №58
Низомномаи
Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар вилояти Хатлон
барои солҳои 2019-2021.
1. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи мазкур тартиб ва шартҳои гузаронидани озмунро барои дарёфти ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар вилоят, шаҳр, ноҳия, ҷамоат, деҳа ва маҳалларо муайян менамояд.
2. Дар озмун шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳрак, деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо иштирок менамоянд.
2. Ҳадаф ва мақсади озмун
3. Озмун дар ҳудуди вилоят дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла, ҳамзамон ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами онҳо ба дигарон равона мегардад.
4. Ҳадафи асосии озмун:
— тарбияи ҳисси баланди зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ;
— ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, хуррамгардонӣ;
— баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон;
— тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист.
3. Гурӯҳҳои кории озмунӣ
5. Озмун аз тарафи гурӯҳи кории вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, шаҳрак, деҳот, деҳа ва маҳалла ташкил ва гузаронида мешавад.
6. Аъзои гурӯҳи кории озмун дар сатҳи шаҳр, ноҳияҳо, шаҳрак, деҳот, деҳа ва маҳалла аз кормандони сохторҳои маҳаллии марбут ба аъзои гурӯҳи кории вилоятӣ интихоб гардида, бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо таъсис дода мешаванд.
7. Гурӯҳҳои кории озмунӣ фаъолияти худро бо роҳи гузаронидани ҷаласаҳо, боздиди (муоинаи) вазъи минтақа ва ё ҳудуди дахлдор мутобиқи талаботҳое, ки барои озмун муайян гардидаанд, анҷом медиҳад.
6. Ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории озмунӣ дар сурати иштироки на кам аз 2/3 ҳиссаи аъзои он салоҳиятдор ҳисоб карда мешаванд. Қарорҳои гурӯҳҳои кории озмунӣ бо овоздиҳии қисми зиёди иштирокчиёни он қабул мегардад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози роҳбари гурӯҳи кории озмунӣ ҳалкунанда мебошад. Протоколи ҷаласаи ҷамъбастии гурӯҳҳои кории озмунӣ аз тарафи роҳбар ва котиби он ба имзо расонида мешавад.
4. Ваколат ва вазифаҳои гурӯҳи корӣ
7. Ваколати гурӯҳҳои кории озмунӣ аз инҳо иборатанд:
-мувофиқа намудани шакли мукофотҳои ғолибон, ки аз ҷониби гурӯҳи кории озмунии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мавриди ҷамъбастии озмун тасдиқ гардидааст, дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, тақдим мегарданд;
-интихоб ва тасдиқ намудани намунаи Ифтихорнома, Сипоснома, Шаҳодатнома барои қадршиносии ғолибон;
-аз байни иштирокчиёни озмун дар сатҳи ҷумҳурӣ муайян намудани ғолибони озмуни «Сайри гули Лола» дар маҳалла, деҳа, ҷамоат, ноҳия, шаҳр ва вилоят, ки ба Ифтихорнома, Сипоснома, Шаҳодатнома сазовор гардонида мешаванд;
-ҳамоҳангсози гурӯҳҳои кории вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ;
-баррасии ҳолатҳои баҳсӣ, муроҷиатҳои иштирокчиёни озмун.
8. Гурӯҳҳои кории вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, шаҳрак ва деҳот вазифадоранд:
— ташкил ва ҷамъбасти озмуни «Сайри гули Лола»-ро дар сатҳи вилоят, шаҳр, ноҳия, ҷамоат, деҳа ва маҳалла таъмин намоянд;
— барои омодагӣ ва иштирок дар давраи навбатӣ ба ғолибони озмуни «Сайри гули Лола» дар сатҳи вилоят, шаҳру ноҳияҳо мусоидат намояд;
— маълумот оид ба ҷамъбаст ва натиҷаҳои озмун, рӯйхати ғолибони марҳилаи якуми озмунро ба гурӯҳи кории вилоятӣ пешниҳод менамояд.
5. Тартиби гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар маҳалла, деҳа, шаҳрак, деҳот, ноҳия, шаҳр ва вилоят.
9. Дар озмун маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия ва шаҳр иштирок менамоянд:
— озмун дар асоси принсипҳои баробарии ҳуқуқу имкониятҳо, ташаббускорӣ, эҷодии озодона ва шаффоф баргузор мегарадад;
— ҷиҳати муташаккилона ва шаффоф гузаронидани озмун гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби роҳбарони корхона, ташкилот ва муассисаву идораҳои дахлдор, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбӣ таъсис гардида, тасдиқ карда мешаванд;
— гурӯҳи корӣ ҳангоми зарурат метавонад ба шартҳои гузаронидани озмун дар ҷаласаҳои худ тағйирот ворид намояд;
— муҳлати ҷамъбасти натиҷаҳои озмун аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак то 15 март ноҳия, шаҳру ноҳияҳо то 20 март ва вилоят то 25 март ҷамъбаст мегардад.
6. Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола», шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ҷамоатӣ:
10. Бо мақсади интихоб намудани ғолибони озмун аз ҷониби гурӯҳи корӣ нишондиҳандаҳои зерин истифода мегарданд:
— шумораи гулгаштҳо ва мавзеъҳои гулзор шуда;
— интихоби навъи гулҳо бо муҳлатҳои гуногуни шукуфоӣ, гуногунрангии биологии гулҳо, ороиши қитъаи гулкорӣ (дизайн), ҳолати нашъунамо ва рушди гулҳо (аз ҷумла гули Лола);
— интихоби композитсияи ҷолиб доир ба мавзеъҳо;
— сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ;
— саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (шаҳр, ноҳия ва ҷамоат) дар ин самт, ҳамзамон ҷалби сокинон ва кормандон ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии ҳудуд.
7. Мукофотонии ғолибон
11. Мукофоту ҷоизаҳо аз ҷониби гурӯҳи кории вилоятӣ интихоб гардида, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули Лола” мутаносибан сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 мегарданд;
— барои сарфароз гардонидани ғолибони Озмун шакл ва намуди мукофотҳоро (сипоснома, ифтихорнома ва шаҳодатнома) гурӯҳи кории вилоятӣ муайян менамояд;
— барои ғолиби ҷойи якуми Озмун “Шаҳодатнома (вимпел)”;
— барои ғолиби ҷойи дуюми Озмун “Ифтихорнома”;
— барои ғолиби ҷойи сеюми Озмун “Сипоснома” тақдим карда мешавад.