ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН №44, АЗ 15.02.2019.

Дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тиб

Бо мақсади рушди илми тиб, ҷалб намудани табибони вилоят ба корҳои илмӣ ва ҳавасманд гардонидани онҳо мутобиқи моддаҳои 19, 20 ва 33-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.     Ҳамасола ба табибоне, ки 5 соли охир дар муассисаҳои тиббии вилоят фаъолият намуда, рисолаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои тибро соҳиб мегарданд, мукофотпулиҳо дода мешаванд.

2.     Ҳаҷми мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзадӣ 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ муқаррар карда шавад.

3.     Сарраёсати молияи вилоят вазифадор карда шавад, ки ҳамасола маблағи мукофотпулиҳоро аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ҷудо намояд.

4.     Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон вазифадор карда шавад, ки маблағи ҷудошударо мақсаднок истифода намуда, аз натиҷааш ба Сарраёсати молияи вилоят ҳисобот пешниҳод намояд.

5. Рӯзномаҳои «Хатлон», «Новый Хатлон», “Дӯстлик”, раёсати телевизион ва радиои вилоят иттилоотро дар бораи қарори мазкур дар саҳифаҳои рӯзнома ва барномаҳои телевизиону радио чоп ва пахш намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини соҳавии раиси вилоят гузошта шавад.

Раис               Қ. Ҳакимзода

Related Articles