Қарори раиси вилояти Хатлон аз 6 апрели соли 2020, № 106

Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни вилоятии беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Эъҷози Истиқлол»

Бо мақсади ҳавасмандсозӣ ва дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва ҷумҳурӣ, ки дар инъикоси раванди корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби фаъолияти бунёдгаронаи соҳибкорон, аҳли ҷомеа, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, рушди деҳот, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд, мутобиқи моддаҳои 19, 20, 32-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Дар соҳаи рӯзноманигорӣ озмуни беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Эъҷози Истиқлол» ташкил карда шавад.
  2. Ҳайати кумитаи тадорукот ва Низомномаи озмун тасдиқ карда шаванд (замимаҳои №1, №2).
  3. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон вазифадор карда шавад, ки аз ҳисоби маблағи даромади барзиёди буҷети маҳаллии вилоятӣ ба маблағи 35000 сомонӣ ҷудо намояд.
  4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешниҳод карда шавад.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини соҳавии раиси вилоят гузошта шавад.

Раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода

Замимаи №1

Бо қарори раиси вилояти Хатлон аз «6» апрели соли 2020, №106 тасдиқ шудааст

 

Низомномаи

озмуни вилоятии «Эъҷози Истиқлол»

 

  1. Муқаррароти умумӣ
  2. Низомномаи мазкур шартҳои ташкили озмун, талабот ва принсипҳои асосии гузаронидани он, тартиби таъсис ва фаъолияти комиссияи озмун, тартиби баҳогузорӣ, тартиби муайян намудани ғолибон ва мукофотонидани иштироккунандагони озмуни «Эъҷози Истиқлол»-ро муайян менамояд.
  3. Озмуни «Эъҷози Истиқлол» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хотири рушди истеъдоди нигорандагӣ, дастгирии эҷодкорони вилоят, ташвиқу тарғиб намудани корҳои ободониву созандагӣ дар маҳаллаву деҳа, деҳоту шаҳрак, ноҳияву шаҳрҳо дар сатҳи вилоят ташкил карда мешавад.
  4. Масъули баргузории озмун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошад.
  1. Ҳадафи баргузории озмун
  2. Ҳадафҳои асосии озмун аз инҳо иборат мебошанд:

— дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва ҷумҳурӣ, ки дар инъикоси раванди корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби фаъолияти бунёдгаронаи соҳибкорон, аҳли ҷомеа, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, рушди деҳот, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд;

— инъикоси густурдаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бозтоби рушди самтҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва натиҷагирӣ аз вазъи соҳаи фарҳангу маънавиёт ва бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят дар давраи 30 соли соҳибистиқлолии кишвар;

— инъикоси раванди корҳои ободонӣ ва натиҷаи дастовардҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;

— тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди деҳот ва ободу зебогардонии мавзеъҳои сайёҳии кишвар;

— ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба зебопарастӣ, ободу зебогардонии Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди деҳу маҳал ва бунёду азнавсозии маҷмааҳои фарҳангӣ-маишӣ ва ободу ҳуснороии манзилҳои истиқоматӣ;

— ҷалби кормандони воситаҳои ахбори омма, шоирону нависандагон ва дигар эҷодкорон ба муаррифӣ, тарғибу ташвиқ ва инъикоси раванди ободию пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон;

— ташаккули афкори омма доир ба масоили ободонию роҳҳои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳо. Бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳифзи муҳити зист ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳалҳои зист;

— ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии вилоят, корҳои ободониву созандагӣ, мусоидат намудан дар таъмини нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон;

— арҷгузорӣ ба саҳми соҳибкорон ва ободгарони Ватан, ташвиқи таҷрибаи пешқадам;

— таъмини шароити арзандаву шоистаи зиндагӣ ба сокинони вилоят, махсусан деҳотҷойҳо. 

  1. Масъулони ташкили озмун
  2. Ташкил ва таъмини баргузории Озмун ба уҳдаи шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят вогузор мешавад.
  1. Шарт ва талаботи Озмун
  2. Дар Озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, иштирок карда метавонанд.
  3. Ҳангоми зарурат Кумитаи тадорукот метавонад дар ҷаласаҳои худ ба шартҳои гузаронидани озмун тағйирот ворид намояд.
  4. Баррасии масъалаҳо вобаста ба пешравии вилоят, раванди корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи асосии маводи журналистиро бояд ташкил диҳад.
  5. Инъикоси мавзӯъҳои вобаста ба пешрафту ободонӣ ва пешниҳоди мушаххас дар мавриди роҳҳои вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию ҳуснороии мавзеъҳои сайёҳӣ ва беҳбудии сифати хизматрасонии муассисаҳои фарҳангӣ ва хизмати маишӣ ҳадафи асосии маводи журналистиро бояд фаро гирад.
  1. Талабот ба мавод
  2. Маводи чопӣ ва интернетӣ дар шакли нусхаи саҳифаи рӯзнома ва сомона бо ишора ба манбаъ ва санаи нашри мавод қабул карда мешавад. Маводи аудиоӣ ва телевизионӣ бо пешниҳоди афзори CD/ DVD ё FSV, ҳамзамон бо нусхаи сенарияи мавод бо забон ва замони пахши барнома бояд пешкаш гардад.
  3. Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсилаи матлабҳо омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гурӯҳи эҷодӣ танҳо аз рӯйи як номинатсия ба мукофот довталабӣ карда метавонад.
  4. Ҳар як иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод пешниҳод намояд.
  5. Ҳайати ҳакамон ҳуқуқ дорад, ки дар сурати ба талаботи номинатсия ва шартҳои озмун ҷавобгӯ набудани маводҳои пешниҳодкардаи довталабон, мукофоти озмунро ба ҳеҷ кадоме аз довталабон мансуб надонад.
  6. Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Эъҷози Истиқлол» пешниҳодшуда бояд тавассути телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2020 то 20 августи соли 2021 пахш ва ё нашр гардида бошад.
  7. Муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар озмун аз 20 июл то 20 августи соли 2021 муқаррар карда шавад.
  8. Маводи ба озмун пешниҳодгардида аз рӯйи чунин нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ карда мешаванд:

— инъикоси доманадори дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон;

— аҳамият ва арзиши иҷтимоии маводи журналистӣ;

—  риояи меъёрҳои байналмилалалии рӯзноманигорӣ;

— қабули матлаб аз ҷониби қишри зиёди аҳолӣ ва рӯҳиясоз будани маводҳо;

— риояи ахлоқи касбӣ;

— далелнокӣ, аслияти баён ва умқи ифшои мавзӯъ;

-фарогирӣ ва пуррагии инъикоси масъалаҳо;

— аҳамияти амалии мавод;

— дақиқият, оммафаҳмии забони мавод ва тарзи баён;

— муносибати ҳирфаӣ ба омода намудани мавод, малакаи дарёфти навори нодир ва ҷанбаҳои аҷоиби мавзӯи инъикосшаванда;

— фардияти муаллиф ҳангоми таҳияи мавод ва мутобиқати мавод ба меъёрҳои эълоншуда;

— доираи фарогирии аудитория (чанд нафар маводро тамошо/мутолиа карданд);

— ҳамовозӣ пайдо кардани маводҳо ё дар партави матлаб маводҳо интишор/пахш шаванд;

  1. Маводи рекламавӣ ва маводи иттилоотие, ки бо шартҳои тиҷоратӣ дар ВАО ба нашр расидаанд, ҳамчун маводи озмун баррасӣ карда намешаванд.
  1. Мавзӯъ ва номинатсияҳо
  2. Иштироккунандагони раванди Озмун дар мавзӯъҳои зерин метавонанд мавод пешниҳод намоянд:

— барномаҳои телевизионӣ, мақолаву гузоришҳои таҳлилӣ дар мавзӯи ободонию пешрафтҳои шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мавзеъҳои фарҳангию сайёҳии вилоят;

—  пешниҳоди тадбирҳо оид ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва беҳбудии вазъи хизматрасониҳои гуногун дар маконҳои фарҳангӣ ва ё шаҳру деҳоти вилоят;

— тарғиби манзараҳои зебои вилоят ва деҳу маҳаллаҳои дурдаст тавассути барномаҳои телевизионӣ, матлабҳои таҳлилӣ, шеъру ҳикоя ва дигар жанрҳои адабӣ;

— раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунононии босуръати кишвар дар ҳудуди вилояти Хатлон, дастовардҳои минтақаҳои озоди иқтисодии ҳудуди вилоят, эҳё ва рушди саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ, таомҳои миллӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, сохтмони корхонаҳои нав, сармоягузорӣ дар соҳаи саноат, сохтмони хонаҳои баландошёна ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ;

— фаъолияти корхонаҳои хурди саноатӣ, пешравӣ ва мушкилоти мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби занон ба фаъолияти меҳнатӣ;

— таъмири роҳҳо, рафти ободкориву созандагӣ, саҳми ҳокимият, соҳибкорон ва аҳолӣ дар беҳтар гардонидани ҳолати роҳҳо, инчунин рафти корҳои таъмиру тармими хатҳои нақлиётӣ.

  1. 7. Озмун аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

— “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ”;

— “Беҳтарин барномаи телевизионӣ”. 

  1. Кумитаи тадорукоти озмун
  2. Озмун таҳти роҳбарӣ ва назорати муовини соҳавии раиси вилояти Хатлон ташкил ва гузаронида мешавад.
  3. Аъзои Кумитаи тадорукот (комиссияи баҳодиҳӣ)-и озмун аз ҳисоби мутахассисони баландихтисоси соҳа интихоб гардида, бо қарори раиси вилояти Хатлон таъсис дода мешавад.
  4. Кумитаи тадорукоти озмун фаъолияти худро бо роҳи гузаронидани ҷаласаҳо мутобиқи талаботе, ки барои баргузории озмун муайян гардидаанд, анҷом медиҳад.
  5. Ҷаласаҳои Кумитаи тадорукоти озмун дар сурати иштироки на кам аз се ду ҳиссаи аъзои он салоҳиятдор ҳисобида мешаванд. Қарорҳои Кумитаи тадорукоти озмун бо ҷонибдории аз се ду ҳиссаи иштирокчиёни он қабул мегардад.
  6. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози роҳбари Кумитаи тадорукоти озмун ҳалкунанда мебошад. Протоколи ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи тадорукоти озмун аз тарафи роҳбар ва котиби он ба расмият дароварда мешавад.
  1. Ваколат ва вазифаҳои Кумитаи тадорукоти озмун
  2. Ваколати Кумитаи тадорукоти озмун аз инҳо иборатанд:
  • интихоб ва тасдиқ намудани намунаи дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3, «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»;
  • муайян намудани ғолибони озмуни «Эъҷози Истиқлол» аз байни иштирокчиёни озмун ва қадрдонии онҳо бо дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3, «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»;
  • баррасии ҳолатҳои баҳсӣ ва муроҷиатҳои иштирокчиёни озмун. 
  1. Тартиби ҷамъбасти Озмун
  2. Озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукот (комиссияи баҳодиҳӣ), ки ба он намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи журналистӣ дохил мебошанд, ҷамъбаст мегардад.
  3. 26. Кумитаи тадорукот то 1 сентябри соли 2021 натиҷаҳои озмунро ҷамъбаст менамояд.
  4. Ғолибони Озмун бо дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 ва мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ карда мешаванд.
  5. Агар ду ва зиёда иштирокдорон ғолиб дониста шаванд, Сипоснома ба ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ супурда, маблағи мукофот баробар тақсим карда мешавад.
  6. 29. Аъзои Кумитаи тадорукот (комиссияи баҳодиҳӣ) наметавонанд маводи худро ба озмун пешкаш намоянд.
  1. Мукофонидани ғолибони Озмун бо туҳфаҳо
  2. Озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ба ғолибон аз рӯйи ду номинатсия мукофотпулӣ ба таври зайл муқаррар карда мешавад:

— номинатсияи “Беҳтарин маводи чопӣ ва интернетӣ”

Ҷойи якум – 10000 сомонӣ

Ҷойи дуюм – 5000 сомонӣ

Ҷойи сеюм – 2500 сомонӣ

  • номинатсияи “Беҳтарин барномаи телевизионӣ”

Ҷойи якум – 10000 сомонӣ

Ҷойи дуюм – 5000 сомонӣ

Ҷойи сеюм – 2500 сомонӣ

Инчунин барои иштироки фаъолона рӯзноманигорон бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» сарфароз гардонида мешаванд.

  1. Ғолибони Озмун қаблан дар бобати таърих, ҷой ва вақти маросими супоридани мукофотҳо хабардор карда мешаванд.
  2. Маросими супоридани мукофот ва сипосномаҳо ба ғолибон бо баргузории ҷаласа дар вазъияти тантанавӣ дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
  3. Рамзи озмуни мазкур тасдиқ карда мешавад.

Related Articles