Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Левакант аз фаъолияти гармхонаҳои инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Витаминҳои Тоҷикистон» дидан намуд.
Ин гармхона, ки дар масоҳати 2,5 гектар бунёд ёфтааст, ба парвариши помидору бодиринг ва дигар навъҳои сабзавоти барвақтӣ равона шудааст. Айни замон дар корхона 50 корманд ба таври мавсимӣ ва доимӣ ба кор ҷалб гардида, шароити хуби кору маош доранд.
Муассиси ин иқдоми муваффақ соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов мебошад, ки бо ташаббуси худ саҳми назаррас дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ва рушди кишоварзии муосир гузоштааст.
Раиси вилоят фаъолияти гармхонаро намунаи беҳтарини ташаббусҳои бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва дастгирии иқдомҳои соҳибкорони ватанӣ тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон