ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ НИҲОЛ ВА ГУЛПАРВАРИИ «АБДУКАРИМ» БОЗДИД КАРД

12 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба яке аз хоҷагиҳои муваффақи соҳаи ниҳолпарварӣ ва гулпарварии минтақа хоҷагии «Абдукарим»-и шаҳри Левакант ташриф овард.

Хоҷагӣ дар ҳудуди 3 гектар замин ҷойгир буда, роҳбарии онро Шомуродов Қувваталӣ ба зимма дорад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар хоҷагӣ ҳамасола беш аз 15 то 20 ҳазор ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳанда, инчунин тақрибан 40 ҳазор гул ва буттаҳои ороишӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда мешаванд.

Раиси вилоят зимни боздид фаъолияти хоҷагиро мусбат арзёбӣ намуда, саҳми онро дар таъмини бозори вилоят бо ниҳолу гулҳои маҳаллӣ ва рушди иқтисодиёти сабз таъкид кард.

Инчунин, ба масъулин дастур дода шуд, ки барои густариши фаъолияти чунин хоҷагиҳои истеҳсолӣ шароити мусоиди дастгирӣ фароҳам оваранд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Related Articles