12 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Левакант аз фаъолияти як қатор хоҷагиҳои пешқадами соҳаи кишоварзӣ боздид ба амал овард.
Дар ҷараёни сафар раиси вилоят нахуст аз хоҷагии боғпарварии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуд.
Ин хоҷагиро, ки дар масоҳати 5,3 гектар замин боғи серҳосили мевадиҳанда бунёд гардидааст, боғпарвари соҳибтаҷриба Назиров Ҷомӣ роҳбарӣ мекунад.
Дар хоҷагӣ асосан навъҳои гуногуни себ, шафтолу, зардолу, олу ва биҳӣ парвариш меёбанд. Айни замон хоҷагӣ дорои 10 саҳмдор буда, маҳсулоти он ҳам барои бозори дохилӣ ва ҳам барои содирот ба хориҷи кишвар нигаронида шудааст.
Раиси вилоят фаъолияти ин хоҷагии намунавиро дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи боғдорӣ арзишманд арзёбӣ карда, ба роҳбарият ва саҳмдорони он барои боз ҳам беҳтар намудани натиҷаҳои меҳнатӣ тавсияҳои мушаххас дод.
Сипас, Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии Бобои Искандар, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант боздид намуд. Дар ин хоҷагӣ дар мавсими ҷорӣ дар масоҳати 6 гектар замин пахта кишт гардидааст. Раиси вилоят бо ҷараёни кор дар заминҳои кишт, ҳолати нашъунамои пахта ва тадбирҳои агротехникӣ шинос шуда, дастур дод, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи самараноки захираҳои об ва коркарди босифати замин тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар рафти боздид раиси вилоят ҳамчунин ба масъулони соҳа ҷиҳати дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмини шароити мусоид барои фаъолияти онҳо ва истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷудаи аграрӣ дастуру супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон