БОЗДИДИ ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «САВЛАТБЕК»

Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Савлатбек», ки дар ҷамоати деҳоти «Вахшон» ҷойгир аст, боздид ба амал овард.

Хоҷагии мазкур дар масоҳати умумии 10 гектар замин фаъолият мебарад. Аз ҷумла, дар 6,5 гектар пахта, 2 гектар тут, 0,5 гектар полезӣ, 0,30 гектар картошка 0,1 гектар сабзавот ва 0,18 гектар зироатҳои хӯроки чорво парвариш карда мешавад. Айни замон 18 саҳмдори хоҷагӣ ба корҳои кишоварзӣ ҷалб гардидаанд.

Раиси вилоят зимни боздид аз заминҳои кишт фаъолияти самараноки хоҷагиро дар самти истифодаи оқилонаи замин, диверсификатсияи истеҳсолот ва ташкили ҷойҳои корӣ мусбат арзёбӣ карда, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба рушди соҳаи кишоварзиро муҳим арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар роҳи таъмин бо маҳсулоти худӣ, фаровонии бозор ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти калон доранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles