ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ШАШУМ

Имрӯз, 12 декабр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум таҳти раёсати Давлаталӣ Саид – раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят, баргузор гардид.

Дар иҷлосия муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, вакилон, раисони шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Масъалаҳои “Ҳисоботи раиси вилояти Хатлон дар соли 2024”, “Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2023 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2025”, Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2025”, “Дар бораи ташкил намудани Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон”, “Дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон” дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нахуст пас аз садо додани Суруди миллӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар соли 2024 шунида шуд. Гуфта шуд, ки фаъолон ва меҳнаткашони вилояти Хатлон дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар ин давра бо нишондиҳандаҳои мусбӣ ва дастовардҳои назаррас барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори вилоят ва сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодаанд.

– Бояд қайд кард, ки соли 2024 соли пурбаракат ва дастовардҳо ба шумор меравад, зеро бо шарофати қадами мубораки Сарвари маҳбуби миллат, ки давоми сол 5 маротиба ба вилояти Хатлон ташриф оварданд, дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки Президенти кишвар 62 биною иншоот дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Илова ба ин, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наздики 100 биною иншооти дигар бо дарназардошти зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд, – афзуд муовини раиси вилоят.

Гуфта шуд, ки роҳандозӣ намудани тадбирҳои муайян ва меҳнати софдилонаи заҳматкашони вилоят мусоидат кард, ки дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 банди фоизӣ афзоиш ёфта, ба 27,9 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ҳиссаи он дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 27,2 фоиз баробар гардид.

– Дар ин давра ҷамъоварии андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 2,5 млрд. сомониро ташкил дода, иҷрои он 92,1 миллион сомонӣ ва ё дар сатҳи 103,8 фоиз таъмин гардид. Дар давраи ҳисоботӣ ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 3,4 млрд. сомонӣ, аз он 2,4 млрд. сомонӣ ё 89,8%-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) равона карда шуд.

– Аз ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷет 2,8 млрд. сомонӣ ва ё 81,3 фоиз барои пардохти музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо равона гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 778,0 млн. сомонӣ ва ё 22,8 фоиз зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят диққати асосиро ба масъалаи зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи истеҳсолӣ равона намуд, ки дар натиҷа ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи 17 банди фоизӣ афзуда, ба 1776,4 сомонӣ баробар шуд. Дар маҷмӯъ, давоми 5 соли охир дар вилоят ҳисоби миёнаи музди меҳнат наздик ба 75 фоиз (аз 1016,5 сомонии соли 2020 ба 1776,37 сомонӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ) ва ҳисоби миёнаи нафақа 50 фоиз (соли 2020-ум 311,4 сомонӣ, ба 1.12.2024-ум 469,1 сомонӣ) зиёд гардидааст.

Зикр гардид, ки мониторинги ҷараёни татбиқшавии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ нишон дод, ки дар 174 лоиҳа корҳо ба маблағи 5,2 млрд. сомонӣ иҷро гардида, азхудкунии маблағҳо 61,5 фоизи нишондиҳандаҳои пешбинишудаи панҷсоларо ташкил медиҳад.

Дар вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо аз оғоз зиёда аз 1,7 млрд. доллар барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, ирригатсия ва обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулодда ва сайёҳӣ равона гардидааст.

Тибқи иттилоъ дар давраи ҳисоботӣ ба вилоят 7,2 млн. доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 4,3 млн. доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Айни замон дар вилоят 52 ташкилоту корхона бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолият дошта, бештари маблағҳо аз Россия (40,2 %), Чин (37,1 %) ва Эрон (18,4 %) ворид гардидааст. Дар ин давра, гардиши савдои хориҷӣ ба 407 млн. доллар расонида шуд, ки аз ин нишондиҳанда 188,5 млн. доллар содироти молу маҳсулот ва 218,4 млн. доллари дигарро маҳсулоти воридотӣ ташкил медиҳад. Гардиши мол ба 16,3 млрд. сомонӣ расонида шуда, дар қиёс нисбат ба дурнамои пешбинишуда 101,9 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 126,1 фоиз таъмин гардид.

Тадбирҳои андешида замина фароҳам овард, ки давоми 11 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 67158 ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла 4518 ҷоий кори доимӣ (5773 мавсимӣ) таъсис дода шавад.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 35,6 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 банди фоизӣ ва ё 3,1 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи ҳисоботҳо, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ, истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1,1 млн. тонна, пахта 162,2 ҳазор тонна, картошка 250 ҳазор тонна, сабзавот 1,9 млн. тонна, полезӣ 860,5 ҳазор тонна, мева 356,6 ҳазор тонна ва ангур ба 115,5 ҳазор тонна расида, суръати афзоиш, ба истиснои пахта аз 8,4 то 34,0 банди фоизиро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Саноатикунонии босуръати кишвар” тадбирҳои муайян роҳандозӣ гардида, корхонаҳои саноатӣ якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 11,1 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, суръати рушдро ба маблағи 734,7 млн. сомонӣ ва ё дар сатҳи 6,7 банди фоизӣ таъмин карданд. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи саноати коркард 54,6 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 5,1 фоиз, истеҳсол ва тақсимоти барқ 39,8 фоиз ва дигар хизматрасониҳо 0,5 фоизро ташкил дод. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 819 адад ва номгӯи маҳсулоти саноатӣ бошад, ба 183 намуд расида, дар ин самт корҳои натиҷабахш идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми боркашонӣ ба 43,2 миллион тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 194,6 миллион нафар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин мутаносибан 4,9 млн. тонна ва 34,3 млн. нафар ва ё дар сатҳи 12,8-21,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Дар миқёси вилоят ба масофаи 2571,7 километр роҳҳои автомобилгард ба маблағи умумии 228 миллиону 559 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин ба маблағи 58,2 миллион сомонӣ зиёд буда, аз ин ҳисоб 263,6 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 345 километр сангфарш, 1963,1 километр таъмири ҷорӣ ва 136 адад пулу қубурҳо таъмир гардидааст. Бояд қайд кард, ки бо саҳми соҳибкорон ба маблағи 181 миллион сомонӣ 251,3 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 310,7 километр сангфарш ва 40 адад пулу қубур таъмиру азнавсозӣ гардиданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар маҷмӯъ бунёд ва азнавсозии 6260 адад иншоот, ба ҳолати 1 ноябри соли 2024 дар 3765 адад бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбат ба нақшаи умумӣ 60,1 % ва нақшаи солҳои 2024, ки 1240 иншоот мебошад, иҷроиши он 1360 адад ё ин, ки 109,6 фоизро ташкил мекунад. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 155 адад иншооти соҳаи маориф – дорои 1123 адад синфхона барои 28150 ҷойи нишаст дар як баст ва дар ду баст барои 56300 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуданд.

Ба соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок диққати ҷиддӣ дода шуда, аз аввали соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 39 адад муассисаҳои соҳа ба маблағи зиёда 182 млн. сомонӣ ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон давоми 11 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 40 адад толору майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки барои наврасону ҷавонон шароити муносиби машқу тамрини бадан фароҳам гардид. Дар ин давра варзишгарони вилоят аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 763 медали тилло, 670 медали нуқра ва 881 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 2314 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 265 медал зиёд мебошад.

Гурӯҳҳои корӣ бо усули «Хона ба хона» дар ҳар як деҳаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо, дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзилҳои зист, татбиқи Қонунҳои миллии кишвар «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғибу ташвиқи либосҳои миллии тоҷикӣ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, бо 213583 оила сӯҳбату вохӯриҳо анҷом доданд, ки наздик ба 100 фоизи шумораи умумии оилаҳоро дар вилоят ташкил медиҳад.

Дар қисмати музокирот Назарзода Бахтиёр – вакил аз ҳавзаи интихоботии №5, раиси шаҳри Кӯлоб, Абдуназарзода Шоиста – вакил аз ҳавзаи интихоботии №2, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар баромад намуданд.

Вобаста ба масъалаи дуюм ҳисоботи сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Иззатуллозода Ҳабибулло дар бораи “Дар бораи иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2023 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2025” шунида шуд.

Сипас, вакилон “Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2025”-ро ба муҳокима гузошта қабул намуданд.

Баъдан масъалаҳои “Ташкил намудани Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон” ва “Ташкил кардани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон тасдиқ карда шуд.

Инчунин, ҳисоботи роҳбарони маъмурияти Минтақаҳои озоди иқтисодии Кӯлоб, Данғара ва Панҷ шунида шуд.

Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона дар самти фаъолияти мақомоти намояндагӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар корҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба як қатор вакилон Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles