ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ХАТЛОН

Бо мақсади амалигардонии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, № АП-318 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 имрӯзҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иди аҷдоди ва таърихиямон Садарро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта истодаанд. Ба ин муносибат субҳи имрӯз дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бахшида ба иди Сада тантанаи бошукуҳи идона доир гардид.
Дар тантанаи идона иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва меҳмонон, инчунинин тамоми фаъолон ва деҳқонони асил иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо афрохтани гулхан ҳамчун рамзи нуру гармӣ ва рамзи ҷашни Сада оғоз гардид.
Нахуст, муҳтарам Давлаталӣ Саид ва ҳайати меҳмонон аз намоиши маҳсулоти донагӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти нониву таомҳои миллӣ, гӯшаи гулу гиёҳҳо, растаи намоиш ва фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Сипас, дар толори барҳавои Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар дар назди фаъолону барзгарони вилоят иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба сухани табрики баромада, қайд намуд, ки боиси ифтихору шодмонист, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Ин ҷашнҳои суннатӣ, аз ҷумла маросими Сада, ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд.
Дар ин робита, ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни фархундаи ниёгон — Сада самимона табрику таҳният гуфта, ба тамоми мардуми шарифи Хатлонзамин сиҳатмандию рӯзгори ободу осуда ва ба Тоҷикистони азизамон шукуфоӣ ва пешрафти рӯзафзунро таманно дорам.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: “Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид”.
Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, меҳнатқаринӣ, ободгароии мардум хизмат кардаанд.
Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ бар зидди торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳо гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ, ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Аҳурамаздову Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад.
Мувофиқи боварҳо ва манбаъҳои бостонӣ, агар хуршед бо нури худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани хонаву қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон замина гузоштааст.
Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд.
Ҳамасола дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода гардонидани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ машғул мешаванд. Аз гузаштагон анъанаи хубе то имрӯз боқӣ мондааст, ки тоҷикон суфраи ҷашни Садаро бо гузоштани меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани шарбат ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахӯдӣ оро медиҳанд.
Ташкили намоиш-фурӯши ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо, омода кардани техникаи кишоварзӣ, яке аз унсурҳои дигари иди Сада ба шумор рафта, ба ин васила мардум ба корҳои саҳроӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ оғоз мебахшанд.
Ҳамасола дар маъракаи ниҳолшинонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан иштирок мекунанд ва чунин муносибати шоиста ҳар як сокини ватандӯсту хештаншиносро ба он роҳнамоӣ месозад, ки шуруъ аз манзили зист, замини наздиҳавлигӣ, то кӯчаву шоҳроҳҳо, талу теппаҳо ба шинонидани ниҳолон, тоза кардани дарахтон машғул шаванд, боғҳои худро тозаву барқарор намоянд. Ҳамзамон муҳтарам Давлаталӣ Саид зимни ироаи хеш оид ба таъриху тамаддуни ҷашни Сада аз комёбиву дастовардҳои барзгарон ёдоварӣ карда, иброз намуд, ки бо назардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми навбатӣ, сафарҳои корӣ, мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон баён гардидаанд, кишоварзони вилоят дар соли сипаришуда аҳлона ва пурмаҳсул меҳнат карда, ба натиҷаҳои хуби истеҳсолӣ ноил шуданд.
Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 26 миллиарду 41 миллиону 918 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 1 миллиарду 641 миллиону 262 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 6,7 банди фоизро ташкил менамояд. Ҳиссаи бахши аҳолӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 52,5 фоиз ё худ 13 миллиарду 668 миллиону 456 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Дар соли ҷамъбастии 2022 дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, ба ғайр аз пахта, картошка, тухм ва моҳӣ, аз 100,2 то 107,8 фоиз таъмин гардид.
Саҳми кишоварзони вилоят дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ хеле назаррас арзёбӣ гардида, 53,0 фоизи ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, 80,0 фоизи полезӣ, 64,0 фоизи ғалладонагӣ, 68,0 фоизи пахта, 61,0 фоизи сабзавот, 68,6 фоизи пашм, 58,0 фоизи гӯшт, 51,0 фоизи шир, 46,0 фоизи мева, 42,0 фоизи ангур ва 75,0 фоизи моҳиро дар сатҳи ҷумҳурӣ кишоварзони вилояти Хатлон истеҳсол менамоянд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии кишоварзони вилоят мебошад.
Барои саҳми арзанда гузоштани кишоварзони вилоят дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани дастурхони мардум, истифодаи пурсамари заминҳои кишт, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва расидан ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ дар соли 2022 ба тамоми деҳқонон, кормандони комплекси агросаноатӣ ва кулли сокинони вилоят миннатдории худро баён менамоям. Сипас, дар рафти чорабини ба як қатор заҳматкашони беҳтаринҳои сол ва фаъолоне, ки саҳми хешро дар натиҷаҳои дастовардҳои соли 2022 гузоштаанд бо Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Related Articles