Ҳамдиёрони азиз!
Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватан имрӯз сокинони шарафманди вилояти Хатлон дар баробари тамоми мардуми Тоҷикистони азиз Иди саиди Қурбонро, ки аз ҷумлаи муқаддастарин ва пурфайзтарин ҷашнҳои дини мубини ислом ба ҳисоб меравад, бо рӯҳияи баланди шукргузорӣ ва эҳтиром таҷлил менамоянд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони шарафманди вилояти Хатлонро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо саломатӣ, рӯзгори обод, файзу баракат, хушбахтӣ ва саодатизиндагиро орзу менамоям.
Иди саиди Қурбон аз ҷумлаи идҳое мебошад, ки дар баробари аҳамияти динии худ арзишҳои волои ахлоқиву инсонӣ – меҳру муҳаббат, садоқат, инсондӯстӣ, саховатмандӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии якдигарро тарғиб менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: “Фарҳанги иди Қурбон таҷассумгари имону садоқат ба Худованд буда, маънӣ ва фалсафаи он ба қадри якдигар расидан, ба ҳамдигар муҳаббату дӯстӣ варзидан, аз ихтилофу парокандагӣ худдорӣ намудан, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон, махсусан падару модарон ва шукронаи неъматҳои зиндагӣ мебошад.”
Дар ҳақиқат, ҷавҳари аслии Иди Қурбон на танҳо адои фаризаҳои динӣ, балки анҷом додани корҳои хайр, дастгирии шахсони ниёзманд ва тарғиби беҳтарин арзишҳои неки инсонӣ мебошад.
Худованди мутаол дар Қуръони карим мефармояд:«Ва некӣ кунед, ҳамоно Худованд некӯкоронро дӯст медорад.» (Сураи «Бақара», ояти 195)
Инчунин дар ояти дигар омадааст: «Онҳо ғизои худро бо вуҷуди дӯст доштанаш ба мискин, ятим ва асир медиҳанд.» (Сураи «Инсон», ояти8)
Паёмбари гиромии ислом ҳазрати Муҳаммад низ фармудаанд: «Беҳтарин мардум касест, ки ба мардум бештар манфиат мерасонад.»
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ин рӯзҳои муборак нисбат ба ятимону бепарасторон, маъюбон, пиронсолону беморон ва оилаҳои эҳтиёҷманд ғамхорӣ намуда, дасти мадад дароз кунем.
Мо бояд хуб дарк намоем, ки савоби бузург танҳо дар қурбонӣ нест, балки дар шод намудани қалби инсон, дар аёдати бемор, дар дастгирии ниёзманд, дар изҳори меҳрубонӣ ба падару модар ва анҷом додани амалҳои хайр низ мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Иди Қурбон имсол ба давраи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.
Дар баробари ин, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Дар ин замина, дар вилояти Хатлон низ ташаббуси «300 рӯзи созандагию бунёдкорӣ ва масъулият барои фардои дурахшони Ватан» роҳандозӣ шудааст.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ барои рушди маҳалли зист ва Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.
Зеро ҳар як амали нек – шинонидани дарахт, тозаву обод намудани кӯчаю маҳалла, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва кӯмак ба ниёзмандон низ ҷузъи фарҳанги баланди инсонӣ ва савоби бузург мебошад.
Ҳамчунин, бо дарназардошти мақоми баланди илм дар дини мубини ислом ва ҷомеаи муосир, падару модаронро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон, ба воя расонидани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, омӯзиши илму технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро нахустин калимае, ки дар Қуръони маҷид нозил гардидааст, калимаи «Иқра», яъне «Бихон» мебошад, ки моҳияти дониш ва маърифатро нишон медиҳад.
Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланди вилояти Хатлон бо меҳнати софдилона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ минбаъд низ барои истиқболи сазовори ҷашнҳои дар пешистода, таҳкими ҳувият ва худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ояндасоз барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шуморо бамуносибати Иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу оромӣ, ризқу рӯзии фаровон, файзу баракат ва хушбахтии рӯзгор орзу менамоям.
Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

