СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ “ХУТАЛИ ҚАДИМ – ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ФОРСӢ ВА ТАМАДДУНИ БОСТОНИИ МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ”

Муҳтарам ширкаткунандагони Симпозиуми байналмилалӣ, олимону муҳаққиқон, бостоншиносону забоншиносон, меҳмонони арҷманд!

Бо эҳтироми хоса ҳамаи Шуморо ба шаҳри бостонии Бохтар – маркази тамаддуну фарҳанги Хатлон, ба Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим – пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» самимона хайрамақдам мегӯям ва ба ҳар яки Шумо хотири болида, таассуроти нек ва иштироки фаъолонаро дар кори ин ҳамоиши муҳимми илмӣ таманно дорам.

Итминони комил дорам, ки Симпозиуми имрӯза ҳамчун минбари муҳимми илмӣ дар муаррифии ҷойгоҳ ва нақши таърихии Хутали қадим – ба ҳайси яке аз марказҳои муҳимми ташаккули тамаддуни ориёӣ, забони тоҷикӣ-форсӣ ва фарҳанги бостонии минтақа саҳми арзишманд хоҳад гузошт.

Муҳтарам ҳозирин!
Вақте мо аз Хутали қадим сухан мегӯем, танҳо як минтақаи ҷуғрофиро дар назар надорем. Мо дар бораи фазои бузурги таърихиву фарҳангӣ ва тамаддуне ҳарф мезанем, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун маркази ташаккули арзишҳои сиёсӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва забонии мардумони ин сарзамин хизмат намудааст.

Хутал аз шумули воҳидҳои муҳимми таърихиву ҷуғрофии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои «Хутал», «Хуталон» ва «Хатлон» зикр гардидааст.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, аз ҷумла осори Абурайҳони Берунӣ, Абуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад ал-Истахрӣ ва Абулқосим Ибни Ҳавқал, Хутал минтақаи ободону пешрафта, дорои шаҳрҳои рушдёфта, заминҳои ҳосилхез ва низоми мукаммали иҷтимоӣ будааст.

Ин донишмандон аз мавқеи муҳими ҷуғрофии Хутал ёдовар шуда, онро ҳамчун равзанаи муҳими робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва бахше аз шохаи муҳими Шоҳроҳи Абрешим арзёбӣ намудаанд.

Маҳз ҳамин мавқеи стратегӣ боис гардид, ки Хутал ба маркази мубодилаи фарҳангу забонҳо ва анъанаҳои гуногун табдил ёбад. Аз диди бостоншиносӣ низ Хутали қадим яке азмарказҳои муҳимми тамаддуни шаҳрнишинӣ ва кишоварзии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Ковишҳои археологӣ дар водии Вахш ва дигар манотиқи Хатлон собит менамоянд, ки ҳанӯз ҳазорсолаҳо пеш дар ин сарзамин фарҳанги пешрафтаи моддиву маънавӣ вуҷуд доштааст.

Бозёфтҳои манзилгоҳҳо, олоти меҳнат, зарфҳои сафолӣ, низомҳои обёрӣ ва осори меъморӣ аз сатҳи баланди ҳунармандӣ, зиндагии иҷтимоӣ ва тафаккури фарҳангии сокинони ин минтақа шаҳодат медиҳанд.

Муҳтарам иштироккунандагони Симпозиум!
Омӯзиши таърихи Хутал барои дарки решаҳои фарҳангии тоҷикон ва тамаддуни Осиёи Марказӣ аҳаммияти бисёр муҳим дорад.

Осори бостонӣ ва ёдгориҳои ин сарзамин собит месозанд, ки Хатлон дар тӯли асрҳо яке аз марказҳои муҳимми давлатдорӣ, фарҳанг ва рушди забони тоҷикӣ-форсӣ ба шумор мерафт.

Имрӯз бозёфтҳои нодири тамаддуни Хутали қадим – аз ҷумла Дайри буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳалевард, Қалъаи Золи Зар, Дайри буддоии Хишттеппа, Шаҳристони Золи Зар, Корвонсарои Тоҳир, Қалъаи Ҳулбук, Манзартеппа ва дигар ёдгориҳои таърихӣ – далели равшани дорои тамаддуни ғанӣ будани ин марзи муқаддас мебошанд.

Маҳз бо ибтикору ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бисёре аз ин ёдгориҳо ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.

Ин иқдом на танҳо ифтихори миллӣ, балки далели эътирофи байналмилалии таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!
Дар сарчашмаҳои таърихӣ Хутал ҳамчун яке аз марказҳои куҳантарини ташаккули тамаддуни ориёӣ ва густариши забони тоҷикӣ-форсӣ арзёбӣ мешавад.

Ба андешаи аллома Бобоҷон Ғафуров, ки дар асари бунёдии худ «Тоҷикон» масъалаи ташаккули халқи тоҷикро таҳлил намудааст, Хутал яке аз муҳимтарин марзҳои этнофарҳангии ташаккули ҳувияти тоҷикон ба шумор меравад.

Маҳз дар ҳамин муҳити фарҳангӣ забоне ташаккул ёфт, ки баъдан ба забони илму адаб, фалсафа ва дипломатияи ҷаҳони ислом табдил гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фасли 1-и китобашон «Забони миллат – ҳастии миллат» дар баробари забонҳои авастоӣ, модӣ, форсии бостонӣ, форсии миёна, портӣ, суғдӣ аз забони бохтарӣ низ ёд мекунанд.

Ин забонҳо ва хусусан забони бохтарӣ дар ташаккул ва густариши забони тоҷикӣ ва як гурӯҳ забонҳои шарқӣ нақши бузург доштаанд.

Забони бохтарӣ дар давраи нави инкишофи забонҳои эронӣ бештар дар бахши луғат ва камтар дар бахши овоиву граматикӣ хеле хусусияти худро ба забони тоҷикӣ додааст.

Инчунин, забони бохтарӣ дар этногенези мардуми тоҷик нақши муҳим дорад. Он аз асри I мелодӣ то солҳои 560 – 570 милодӣ (аз оғози давраи Кӯшониён то шикасти давлати Ҳайтолиён аз тарафи туркҳо ва Сосониён) ҳам дар Бохтар ва ҳам дар Суғд забони расмии давлатӣ буд ва дар пайдоишу густариши забони тоҷикӣ хеле нақши муҳим дорад.

Зеро давраи асосии пайдоиш ва ташаккули марҳалаи аввали забони дарӣ ва ё тоҷикӣ аз қарни V–IX милод ба баъд ба ҳамин ҳавзаи забонӣ иртибот дорад, ки инро осори хаттӣ ва таҳқиқоти муътабари илмӣ дар ду қарни охир собит сохтааст.

Чуноне ки донишманд В. Ҳенинг зикр мекунад, номи забони бохтарӣ ва ё “Бохтари бостон”, ки бидуни ҳеҷ далел барои забони авастоӣ пешниҳод шуда буд, ҳанӯз дар охири асри XIX барои як замони тӯлонӣ фаромӯш гардида буд ва ҳоло он дубора барои номгузории забони мардуми Бохтар, ки дар осори хаттии асрҳои миёна ба даст омадааст, метавонад истифода шавад.

Ин забон аз тарафи Канишка, шоҳи Кӯшон дар катибаи “Работак” ориёӣ номида шудааст. Ин забон ҳудудан то аввалҳои давраи зуҳури ислом вуҷуд доштааст.

Аз ҷумла, донишманд Самъонӣ қайд кардааст, ки “Забоне бо алифбои махсус ҳанӯз дар асри XII дар Хутталон вуҷуд доштааст, ки дар ин ҷо асосан сухан дар бораи забоне меравад, ки хатти он аз хатти арабиасос фарқ мекардааст”.

Аз нигоштаи аксари олимон бармеояд, ки забони тоҷикӣ-форсӣ на танҳо воситаи муошират, балки забони тамаддунсоз будааст. Осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абушукури Балхӣ ва садҳо мутафаккири дигар бо ҳамин забон офарида шудаанд ва имрӯз низ бахше аз мероси маънавии башарият ба ҳисоб мераванд.

Бисёр рамзист, ки яке аз нахустин намунаҳои фолклори шеъри форсӣ маҳз ба Хутал марбут дониста мешавад:

«Аз Хуталон омадия,
Рӯ ба табоҳ омадия.
Хашанг низор омадия,
Овор боз омадия».

Ин шеъри кӯтоҳ на танҳо арзиши адабӣ, балки аҳаммияти бузурги таърихиву забоншиносӣ дорад ва нишони он аст, ки ин сарзамин аз нахустин мавзеъҳои ташаккули шеъри форсӣ ба шумор мерафт.

Мояи ифтихор аст, ки фарзандони фарзонаи ин диёр – Носири Хусрави Қабодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Робияи Балхӣ ва дигар чеҳраҳои барҷаста дар рушди афкори фалсафӣ, адабӣ ва ирфонии ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд.

Ҳамчунин, Хатлон оромгоҳи аҳли маърифат ва ирфон, аз ҷумла Шақиқи Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ мебошад, ки дар ташаккули фарҳанги маънавии мардумони минтақа ва хусусан ташаккули забони ноби тоҷикӣ нақши арзанда доранд.

Дӯстони арҷманд!
Имрӯз аҳаммияти омӯзиши таърихи Хутал танҳо ба масъалаҳои илмӣ маҳдуд намешавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ба масъалаи муҳимми ҳифзи ҳувияти миллӣ табдил ёфтааст.

Миллате, ки таърихи худро мешиносад, метавонад ояндаи худро бо эътимод бунёд намояд. Аз ин рӯ, омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси таърихии Хутали қадим вазифаи муҳимми олимон, муҳаққиқон ва тамоми ҷомеа мебошад.

Имрӯз вилояти Хатлон дар баробари маркази бузурги таърихиву фарҳангӣ будан, дорои имкониятҳои васеи иқтисодӣ, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ низ мебошад.

Дар ҳудуди вилоят зиёда аз 900 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст, ки қисми зиёди онҳо ба давраҳои пеш аз милод мансуб мебошанд.

Ёдгориҳои Ҳулбук, Тахти Сангин, Кулдара ва даҳҳо мавзеъҳои дигар имрӯз таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб намудаанд. Табиати нотакрори Хатлон – аз Бешаи Палангону Дашти Ҷум то Сари Хосор ва Чилучорчашма – дар баробари мероси фарҳангӣ имкониятҳои бузурги рушди сайёҳии таърихиву экологиро фароҳам овардааст.

Ҳозирини арҷманд!
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии кишвар ба самти муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Дар ин замина, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати ҳифз, тармим ва муаррифии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.

Мо хуб дарк мекунем, ки мероси таърихии мо танҳо хотираи гузашта набуда, он сармояи маънавии ояндаи миллат мебошад.

Аз ин рӯ, вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин мероси гаронбаҳоро барои наслҳои оянда ҳифз намуда, онро ба таври шоиста ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.

Меҳмонони азиз!
Хутали қадим яке аз поягузорони асосии ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад.

Ин сарзамин воқеан оинаи таърих, забон ва тамаддуни миллати тоҷик буда, ифтихори на танҳо сокинони Хатлон, балки тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

Бовар дорам, ки натиҷаҳои Симпозиуми имрӯза барои густариши таҳқиқоти илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии саҳми воқеии Хутали қадим дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ин сарзамини бостонӣ хайрамақдам гуфта, ба кори Симпозиум барору муваффақият ва ба ҳар яки Шумо тандурустиву саодат орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

Related Articles