ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ҷавонони азиз,
Насли ояндасози кишвар!

Ҳамасола дар саросари мамлакат 23-май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад, ки нишонаи таваҷҷуҳи хоси давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насли ҷавон ва эътирофи нақши муҳими онҳо дар пешрафти ҷомеа мебошад.

Шумо – нерӯи ояндасози мамлакатро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барои татбиқи ташаббусҳои ояндаатон мувафақиятҳои навин таманно менамоям.

Сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирию ғамхорӣ нисбат ба ин неруи боэътимоди мамлакат дар меҳвари фаъолияти сиёсии Ҳукумати кишвар қарор дошта, ба як самти устувори давлатдорӣ табдил ёфтааст, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қайд карда шуд, ки: «Ҳукумати мамалакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро меандешад. Ҳукумати кишвар ғамхориро нисбат ба ҷавонону наврасон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя карда, кишварро ободу зебо мегардонанд ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардоранд, ҳамеша такя менамояд”

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат барои ҷалби ҷавонон ба таҳсил, илм, касбу ҳунаромӯзӣ ва таъмини ҷойҳои корӣ шароити мусоид фароҳам оварда истодааст.

Айни замон 30 фоизи шумораи аҳолии вилоятро ҷавонон ташкил менамоянд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд.

Дар доираи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 3 Маркази ҷавонон бо тамоми шароити муносиб ва зиёда аз 100 иншооти варзишӣ барои рушди ҳамаи намуди варзиш мавриди ба истифода қарор дода шудаанд, ки имкониятҳои нави рушди зеҳнию маънавии онҳоро таъмин менамояд.

Ҷиҳати ҳавасмандгардонии олимони ҷавон, донишҷуёни аълохон, ихтироъкор ва навовари муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии вилоят ба зиёда аз 200 нафар олимони эҷодкор, донишҷӯён ва хонандагон стипендияи раиси вилояти Хатлон муқаррар гардидааст.

Дар ҳамин зимн, ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки муассисаро бо аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ хатм менамоянд, ҳамзамон ба хонандагоне, ки дар ҳаракатҳои олимпӣ ва озмуну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ муваффақ мегарданд, мукофотҳои ҳавасмандсозӣ муқаррар гардида, ҳамасола дар вазъияти тантанавӣ супорида мешавад. Ин дастгириҳо натиҷаи дилхоҳ дода истода, соли равон хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 800 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 252 медал зиёд буда, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар сатҳи ҷумҳурӣ нишондоди беҳтарин аст.

Ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани неру ва нақши ҷавонон дар самти идоракунии давлатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба масъалаи ҷавонгардонии кадрҳо диққати махсус зоҳир намудааст, ки як қадами устувор дар самти татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Айни замон 30 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатии вилоятро, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд, ҷавонони то 35 сола ташкил намуда, 5 нафар ҷавонон ба ҳайси вакилони Маҷлиси вакили халқи вилояти Хатлон, 196 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳия ва 874 нафар вакили Маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои солҳои 2025-2030 интихоб гардиданд. Мо дар оянда низ ба масъалаи истифодаи самараноки неруи зеҳнии ҷавонон, тарбияву интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавонони ташаббускор ва донишманду соҳибмаърифат диққати махсус зоҳир намуда, фаъолияти онҳоро дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ дастгирӣ менамоем.

Имрӯз масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Ин таваҷҷуҳ имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд.

Дар 5 соли охир 179 780 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, 2695 нафар ба воситаи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2780 нафар дар Донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шуданд, ки ҳамчун ҷавонони огоҳ аз илми муосир ва мутахассисони донишманду забондон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши созанда хоҳанд гузошт.

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола 1200 нафар ҷавонони лаёқатманди вилоят барандагони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, шумораи довталабони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” бамаротиб афзуда истодааст. Ҷавонони вилояти Хатлон дар ин озмунҳо аз солҳои аввали таъсиси ин сабқатҳои зеҳнию фарҳангӣ ғолиби 240 ҷойҳои ифтихорӣ ва 8 – Шоҳҷоизаи озмунҳо гардиданд, ки дастоварди баланд аст.

Фарзандони азиз!
Ҳифзи ватан ва манфиатҳои миллию давлатӣ пеш аз ҳама ба зиммаи шумо – ҷавонон аст. Мо дар ин масъала низ пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем ва бовар дорем, ки ҳамчун фарзандони бонангу номус ва қавииродаву ғаюр аз иҷрои ин рисолати ватандорӣ низ сарбаландона мебароед.

Бо дарки ин масъулияти баланд ҷавонони вилоят дар ду даъвати охир ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқати ватандустии худро собит намуда, дар рӯзи аввали маъракаи даъват якдилона ва ихтиёран ба сафи Артиши миллии кишвар шомил гардиданд, ки намунаи олии ибрати ҷавонмардӣ ва дарси ватандорӣ ба насли наврас мебошад.

Ҷавонон бояд бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва минтақа бо ҳисси ифтихори баланди ватандорӣ кору таҳсил кунанд, ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арҷ гузоранд, неъматҳои истиқлолу озодиро ҳимоя намоянд. Ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва рушди Тоҷикистони азизамон, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя менамоянд. Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Дар чунин шароит ташкили суҳбату вохӯриҳо, шабнишиниҳои илмӣ – маърифатӣ, озмунҳои зеҳнӣ, суҳбату вохӯриҳо бо усули
“Хона ба хона”, “Ҳамсол ба ҳамсол”, “Мактаб ба мактаб” муфид ва саривақтӣ мебошад.

Рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои муҳими пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ буда, дар ташаккулу тарбия ва инкишофи ҷисмонии ҷавонону наврасон нақши бузург мебозад. Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир варзишгарони вилоят бо комёбиҳои худ шарафи варзишии мамлакатро дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баланд мебардоранд.

Аз аввали соли равон варзишгарони ҷавон дар 22 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 406 медал, аз ҷумла 90 медали тилло ба даст оварданд. Айни замон дар вилоят рушди варзиши зеҳнии Шоҳмот ба роҳ монда шудааст, ки дар ташаккули тафаккури пешрафтаи ҷавонон нақши муҳим дорад. Дар вилоят барои рушди намудҳои гуногуни варзиш ва оммавигардонии он захира ва имкониятҳои зиёд мавҷуд аст, ки дар оянда ба таври васеъ истифода бурда хоҳанд шуд.

Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд.

Итминони комил дорам, ки ҷавонони вилояти Хатлон дар радифи ҷавонони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ҷонибдорӣ аз сиёсати Ҳукумати кишвар намуда, баҳри амалӣ намудани ормонҳои баланди миллӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҳифзи суботу ваҳдати комил аз тамоми неру ва имкониятҳо ба таври самарабахш истифода хоҳанд кард.

Мо бояд бо шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёр ва сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона заҳмат кашем, ватанамонро обод созем, давлатамонро неруманду пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Бо боварӣ гуфта метавонем, ки ҷавонони мо созандагони фардои ватан ва пайравони арзандаи Пешвои миллатанд ва бо амалҳои неку ҷавонмардонаи худ дар рушди созандагии вилояти Хатлон саҳми арзанда мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар Шумо – ҷавонони азиз ва мардуми сарбаланди вилоятро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар кору пайкори ободгаронаатон пирӯзиҳо орзу менамоям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, ҷавонони азиз!

Related Articles