ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Бо мақсади амалигардонии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005» имрӯзҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иди миллӣ ва аҷдодимон Садаро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта истодаанд.

Ба ин муносибат субҳи имрӯз, 25 январ, дар шаҳри Бохтар бахшида ба иди Сада чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар тантанаи идона раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, меҳмонон ва фаъолону деҳқонони асил иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо афроштани гулхан ҳамчун рамзи нуру гармӣ ва рамзи ҷашни Сада оғоз гардид.

Нахуст, Давлаталӣ Саид ва ҳайати меҳмонон аз намоиши маҳсулоти донагӣ, кишоварзӣ ва нониву таомҳои миллӣ, гӯшаи гулу гиёҳҳо, растаи намоиш ва фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан, техникаи соҳаи кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

Доирадастону карнайнавозону найнавозон зери унвони «Корвони шодмонии Сада» намоишномаеро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Сипас, дар назди фаъолону барзгарони вилоят муовини раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҷашни Сада, ки як замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пойдории Истиқлоли давлатӣ дубора эҳё ва шукӯҳу шаҳомати худро миёни мардум барқарор намуд.

Маврид ба зикри хос аст, ки 6-уми декабри соли 2023 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамфарҳанг номинаҳои «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид, ки ифтихори ҳар яки мо ба шумор меравад.

Зикр гардид, ки соли сипаригардидаро мардуми сарбаланди вилояти Хатлон дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ соли бобарор ва самарабахш арзёбӣ менамоянд.

Кишоварзони вилоят соли гузашта тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.

– Соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 39,2 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он ба 109,6% расонида шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 3,4 миллиард сомонӣ зиёд аст.

– Вобаста ба ин, ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 52,9%-ро ташкил дода, аз ҷумла, афзоиш дар бахши растанипарварӣ 27,4 миллиард сомонӣ (112,6%) ва чорводорӣ 11,8 миллиард сомонӣ (103,2%) таъмин гардид.

– Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 434 ҳазор гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, дар майдони 191636 гектар ғалладонагиҳо, 17218 гектар полезиҳо, 131942 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 120716 гектар пахта, 39765 гектар сабзавот, 13723 гектар картошка ва 39679 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шуда, иҷрои дурнамо 106,6 фоиз таъмин гардид.

– Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 1,1 миллион тонна ғалладонагиҳо, 2,1 миллион тонна сабзавот, 880 ҳазор тонна полезӣ, 164,6 ҳазор тонна пахта, 250,6 ҳазор тонна картошка, 366,0 ҳазор тонна меваҷот, 132 ҳазор тонна ангур, 248,0 ҳазор тонна гӯшт, 605,0 ҳазор тонна шир, 181 миллион дона тухм, 6200 тонна пашм, 200 тонна пилла, 1233 тонна асал ва 3826 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуда, суръати рушди истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ аз 103,5 то 171 фоиз таъмин гардид.

– Ҷиҳати таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат дар вилоят дар майдони 1387 гектар гармхонаҳо кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 45274 тонна сабзавот истеҳсол карда шуд.

– Соли 2024 вобаста ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар талу теппаҳои бо намӣ таъмини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 287 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, 207 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор карда шуданд.

– Бо мақсади ободу зебо гардонидани ватани азизамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавсими ниҳолшинонии солҳои 2023-2024 ба миқдори 1793876 бех ниҳолҳои гуногун, аз он 1134217 бех сояафкан, 385069 бех ҳамешасабз, 274590 бех ороишӣ, 6764560 бех гулу гулбуттаҳо, аз ҷумла 688568 бех лола, 980945 бех садбарг, 5095,5 ҳазор бех дигар гулҳо, 13004 бех қаламчаи чинор ва 444506 бех қалачаи садбарг шинонида, дар масоҳати 157455 метри мураббаъ кишти алафҳои ҳамешасабз гузаронида шудааст.

Ҳамасола дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода гардонидани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ машғул мешаванд. Аз гузаштагон анъанаи хубе то имрӯз боқӣ мондааст, ки тоҷикон суфраи ҷашни Садаро бо гузоштани меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани шарбат ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахудӣ оро медиҳанд.

Ташкили намоиш-фурӯши ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо, омода кардани техникаи кишоварзӣ, яке аз унсурҳои дигари иди Сада ба шумор рафта, ба ин васила мардум ба корҳои саҳроӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ оғоз мебахшанд.

Сипас, дар рафти чорабинӣ ба як қатор заҳматкашони беҳтаринҳои сол ва фаъолоне, ки саҳми хешро дар натиҷаҳои дастовардҳои соли 2024 гузоштаанд, бо Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles