Имрӯз, 19 ноябр, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрӣ анҷом доданд.
Раиси вилоят ташрифи меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз нахустин шарикони Тоҷикистон дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар буда, ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои муҳимми Тоҷикистон ва минтақа мушорикати фаъол доранд.
Дар муддати беш аз 30 соли равобити дипломатӣ ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид доир ба зарфиятҳои вилояти Хатлон гуфт, ки кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб меёбад ва ҳамасола молу маҳсулоти тоза, аз ҷумла пахта, меваҷот, полезӣ, ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ карда мешавад.
Дар мулоқот масоили рушди соҳаи саноат, густариши ҳамкориҳои чандҷониба бо ширкатҳои хориҷӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва бунёди корхонаҳои хурду бузург мавриди гуфтумон сурат гирифт.
Гуфта шуд, ки иқтидори истеҳсолии вилояти Хатлон дар самти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили боғдорию сабзавоткорӣ дар кишвар мавқеи намоён дошта, даҳҳо номгӯи маҳсулот дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содирот мегардад.
Маҳдӣ Асадуллоҳпур, намояндаи ҳолдинги “Алмос-Неру”-и Эрон, зикр намуд, ки мақсади дидору мулоқоти раҳбарони ширкатҳои эронӣ бо роҳбарияти вилояти Хатлон бунёди корхонаи меваю афшура, хушконидани он, ки дар марҳилаи аввал 7 навъи маҳсулот истеҳсол мешавад, мебошад.
– Мо вобаста ба коркарди меваи хушсифат, аз ҷумла себ манфиатдорем ва иқлими Тоҷикистон баҳри зиёд намудани истеҳсоли ин навъи маҳсулот заминаҳои бунёди корхонаҳои азими истеҳсолиро ба миён мегузорад. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтаем чунин корхонаро дар вилояти Хатлон бунёд созем ва беш аз 500 нафар бонувони маҳаллиро ба кор фаро гирем, – афзуд Маҳдӣ Асадуллоҳпур.
Раиси вилоят иқдоми меҳмононро дастгирӣ намуда, гуфтанд, ки майдони боғот дар вилоят зиёд аст ва ҳамасола ниёз ба истеҳсолоту коркарди пурраи он пайдо мегардад.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Хатлон беш аз 45 ҳазор гектар замини боғ мебошад, ки кишоварзон бо истифода аз таҷриба ва имконоти мавҷуда майдони боғотро сол аз сол бештар менамоянд, ки ин омил баҳри таъмини бозори дохилӣ ва содироти ин маҳсулоти ватанӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамзамон, бобати ҳамкориҳо дар соҳаи дандонпизишкӣ, металургияи ранга, кишоварзӣ табодули назар намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки дар партави иродаи мақомоти олии ду кишвар ва бо баҳрагирӣ аз муштаракоти фаровон ва зарфиятҳои мукаммал ҳамкориҳо ва равобити иқтисодию бозаргонии ду кишвари ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамзабон беш аз пеш тақвият хоҳанд ёфт.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон